Рубрики Хабарҳо

$37,5 млн кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба дасти камбизоатон мерасад ё ба кисаи Оила?

Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 37,5 миллион доллар кӯмаки якдафъаина ба қишри осебпазири ҷомеъаи Тоҷикистон ироа кардааст, ки бояд байни 110 000 хонаводаи камбизоат тақсим карда шаванд. Одатан кӯмакҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон аз тарафи афроди масъул, аз ҷумла хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дуздида мешавад ва бисёр кам иттифоқ меафтад, ки ҳатто 10 дарсади он ба ҷои таъиншуда бирасад. 

Бонки Ҷаҳонӣ дар хабарномае, ки имрӯз 27 март нашр кардааст, гуфта, ки ин маблағ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии хонаводаҳои осебпазир дар Тоҷикистон, ки аз болоравии нарх ва афзоиши бекорӣ бештар зарар мебинанд ва ба ғизои дуруст дастрасӣ надоранд, равона шудааст.

Тибқи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ин маблағ ба ҳайси кумаки якдафъаина бояд ба 110 ҳазор хонаводаҳои камбизоат расонида шавад.

Дуздии кӯмакҳои башардӯстонаи байналмиллалӣ аз тарафи мақомдорони Тоҷикистон як одати маъмулӣ аст ва камтар касе дар кишвар пайдо мешавад, ки аз он огаҳӣ надошта бошад. Хабари ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ҳафтае нест, ки нашр нашавад, аммо дар ҳад ақал 15 соли охир бисёр кам иттифоқ афтода, ки дар кадом гӯшаи кишвар ба камбизоатон ин кумакҳо расонида шуда бошанд. Гоҳе, асосан баъди ҳаводиси офатбори табиӣ ба гурӯҳе кӯчаке кумак расонида мешавад, аммо онро умдатан аз номи раисҷумҳур мерасонанд.

Мақомот гоҳо маҷбур мешаванд бо талаби кумакрасон расидани кумакҳо ба кишвар ё тақсими онҳоро расонаӣ кунанд, аммо кор бо ҳамин хабари расонаӣ ё эълони расонидани кумакҳо дар ояндаи наздик тамом мешавад. Агар маҷбур шуданд қисмате аз онро тақсим кунанд, мекӯшанд аз он истифодаи сиёсӣ ва таблиғотӣ кунанд. 

Барои мисол дар змони авҷи вируси коруно тамоми расонаҳои давлатӣ, сар аз телевизион, то расонаҳои электрониву чопӣ ҳиммати бузурги “ширкати ватании “Авесто-Гурӯҳ”-ро тавсиф карданд, ки ин “ширкати ватанӣ” ба беморхонаҳои пойтахт ба маблағи 2,5 млн сомонӣ кӯмак кардааст. Дар шакли лавозимоти тиббӣ, доруву дармон, ниқобу либосҳои муҳофизатӣ ва ғайра. 

Маълумоти дастраскардаи Паём он замон нишон дод, ки Рустами Эмомалӣ ва “Авесто-Гурӯҳ” бо истифода аз расонаҳои давлатӣ ва рӯзноманигорони худфурӯхта ба як қаллобӣ дар сатҳи олии давлатӣ даст зада ба 9 миллион сокини кишвар дурӯғ гуфтаанд ва дуздӣ кардаанд. Кӯмакҳое, ки чун саховати бузург ва “иқдоми хайрхоҳонаву башардӯстонаи” “Авесто-Гурӯҳ” муаррифӣ гаштаанд, аслан ба ин ширкат камтарин бастагие надоранд. Ин кӯмакҳои расида аз Чин буд, ки Рустами Эмомалӣ ва ширкаташ бо тамоми пуррӯӣ аз зуд кардаву аз номи худ ба беморхонаҳо бурдаанд.

Аввали декабри соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон эълон кард ба қишри осебпазири аҳолӣ кӯмаки якдафъаина расонида мешавад ва онро “таърихӣ” номид. Коршиносон тахмин заданд, ки кумак байналмиллалӣ аст, чун агар аз Фонд раисҷумҳур ва ҳатто буҷа мебуд, Раҳмон ҳатман бо ифтихор манбаъро зикр мекард. Ӯ ин одатро дорад, ки аз кумакҳои бисёр кӯчак ҳам лоф занад, чӣ расад кумак дар ин ҳаҷми бузург. 

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шуд, гуфта мешуд, ки ба афроди табақаи осебпазир дар ҳаҷми як ҳадди ақалли музди меҳнат кумаки яквақта дода мешавад. Маоши ҳадди ақал дар ҳоли ҳозир 600 сомонӣ, баробар ба 59 доллар аст.

Рӯйхате, ки ба қарори ҳукумат баъдан замима шуд, тақрибан 475 ҳазор нафарро дар бар мегирад, ки ин кӯмакҳоро бояд дарёфт мекарданд.

Инҳо, аз ҷумла, ҳудуди 66,7 ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, қариб 106 ҳазор нафар маъюбон, беш аз 81 ҳазор нафар кӯдакони ятиму нафароне, ки парасторони худро гум кардаанд, 870 нафар кӯдакони маъюби то 16-сола, беш аз 220 ҳазор оилаи камбизоат буданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд ин кумакҳо бояд то оғози соли нав ба дасти гирандагон бирасад. Аммо он на танҳо то соли нав, балки то ҳанӯз ҳам, ки аз оғози соли нав се моҳ мегузарад, тақсим нашудааст. Танҳо маълумоте, ки дар ин бора расонаҳои давлатӣ иттилоъ доданд ин буд, ки рӯйхати дарёфткунандагони кӯмак таҳия шудааст.

Дар нишастҳои хабарии солона ҳам, ниҳодҳои давлатии марбут кӯшиданд аз суолҳо дар бораи “кумаки таърихӣ” фирор кунанд. 

Бо гумони ғолиб кумаки 37,5 миллион долларии Бонки Ҷаҳонӣ ҳам аз тарафи масъулин ва хонаводаи раисҷумҳур дуздида хоҳад шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *