Рубрики Хабарҳо

Бунёди пулу роҳ дар Бадахшон ба ширкати чинӣ вогузор шуд

Ширкати чинии«China Road and Bridge Corporation» муваззаф ба сохтмони пул ва роҳҳои ба он пайвастшавнада дар Бадахшон шудааст. Дар ин маврид байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ин ширкати чинӣ дирӯз, 27 март қарордод ба имзо расид, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад қарордод дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи  «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» имзо шудааст.

Ширкати чинӣ ба сохтмони пул дар Хоруғ аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ва  роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр уҳдадор шуд.

Ҳамчунин дар қарордод сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км тариқи қаламрави деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии  550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.

Арзиши умумии амалисозии лоиҳа 31, 2 млн долларро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст. Вазорат хабар надодааст, ки маблағгузори бунёди пулу роҳ кист. Дар ҳамин ҳол, Чин солҳои охир бештари ин гуна лоиҳаҳоро сармоягузорӣ мекунад.

Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе-Чанок низ аз тарафи ширкати чинӣ ва бо қарзи Чин бунёд гардид, аммо он баробари шурӯъ ба фаъолият карданаш дар ихтиёри ширкати офшории IRS дода шуд. Дертар маълум гардид, ки ширкат ба духтару домоди раисҷумҳур Озода Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев мутааллиқ аст. Бо вуҷуди гирифтани даромади софи 100 миллиондолларӣ аз ин роҳ, IRS на танҳо ҳеҷ бахш аз қарзи Чин барои сохтмони ин роҳро пардохт намекунад, балки аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо низ озод аст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *