Рубрики Хабарҳо

Толибон гуфт нафари дувуми ДОИШ-и Хуросон ва Салмони тоҷикистониро куштааст

Истихбороти Толибон якшанбе эълом кард, ки дар як амалиёт, “се узви муҳим”-и ДОИШ-ро дар Балх куштааст. 

Бино бар иддаои Толибон, Мавлавӣ Зиёвиддин, волии қаблӣ ва фарди шумораи дувуми ДОИШ, Абу Умар Афридӣ, як узви Шӯрои шохаи Хуросон ва Салмони тоҷикистонӣ, яке аз масъулони омӯзишҳои низомии ДОИШ аз байн рафтаанд. 

То ҳанӯз манобеъи мустақил кушта шудани ин аъзои ДОИШ-ро таъйид накардаанд. Ба гуфтаи Толибон, Мавлавӣ Зиёвиддин қабл аз Шаҳоб Ал-Муҳоҷир “волии ДОИШ барои Хуросон” ва “масъули умури идорӣ ва қазоӣ”-и ДОИШ будааст. 

Истихбороти Толибон гуфт, ки Салмон шаҳрванди Тоҷикистон ва аз мутахассисони тарбияти низомӣ ва сохти маводи мунфаҷира буд. 

Ин дувумин амалиёти Толибон алайҳи ДОИШ дар вилояти Балх дар як ҳафтаи гузаштааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, қаблан аз ҳамла бар се махфигоҳи ДОИШ дар шаҳри Мазори Шариф хабар дода буд. 

Пас аз изҳороти фармондеҳи Сентком дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар мавриди рушди таҳдиди ДОИШ дар Афғонистон, сухангӯи Толибон Амрикоро ба “бузургнамоӣ”-и хатари ДОИШ дар Афғонистон муттаҳам кард. 

Истихбороти Толибон рӯзи якшанбе муддаӣ шуд доишиҳоеро, ки дар кушта шудани Довуд Музаммил, волии собиқи Толибон дар Балх даст доштанд, дар Форёб дастгир кардааст. 

Ин идораи Толибон гуфт, ки онҳо дар ҳамалоте дар Кобул, Балх ва Форёб даст доштанд. 

Ҳузури як шаҳрванди тоҷикистонӣ миёни афроди кушташудаи ДОИШ метавонад ҳароси кишварҳои Осиёи Миёна аз таҳдиди ДОИШ дар Афғонистонро бештар тақвият кунад, ки нигарони пайвастани ҳарчи бештари шаҳрвандони исломгаро ва шибҳинизомии худ ба ин гурӯҳанд. 

Толибон ба кишварҳои Осиёи Миёна қавл додаанд, ки ба ҷангҷуёни Осиёи Миёна иҷозаи ҳамларо нахоҳад дод. Аммо, ин сиёсат мӯҷиби норизояти шибҳинизомиёни тоҷикистонӣ ва узбекистоние мешавад, ки мӯътақид ба набарди низомӣ бо давлатҳои Осиёи Миёнаанд ва ДОИШ бархилофи Толибон аз ин идеяи онҳо ҳимоят мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *