Рубрики Хабарҳо

Шаҳид Хошуқчӣ ва таъхири амалиёт дар Бадахшон

Шояд сарлавҳаи мақола боиси таъаҷҷуби хонандаи гиромӣ шавад, ки байни марги рӯзноманигори саъудӣ Ҷамол Хошуқчӣ ва вазъияти Бадахшон чӣ рабте метавонад бошад? Воқеъан, оё рабте ҳаст? Зоҳиран не. Бадахшон як минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон аст бо сокинони ғолибан шиъаи исмоъилӣ. Шаҳид Ҷамол Хошуқчӣ як рӯзноманигори маъруфи саъудӣ буд, ки шояд исми Бадахшонро шунида буд, вале эҳтимолан тасаввуроте дар борааш надошт.  Шояд танҳо чизе, ки ин дуро ба ҳам меапйвандад он бошад, ки таърихи куштори Хошуқчӣ ва эълони оғози амалиёти низомии навбатии ҳукумати Тоҷикистон дар Бадахшон тақрибан дар як замон рух дод. Аниқтараш, Президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи сентябр ба ончо сафар кард ва ҳамоно оғози ин амалиётро эълон намуд. Қабл аз қатли Хошуқчӣ аз тарафи мақомоти Арабистон дар консулгариашон дар Истанбул.

Қабл аз сафари Раҳмон ба минтақа нерӯхо ворид шуданд ва пас аз сафар ба нерӯҳои мавҷуд боз илова шуд. Ҳукумат як моҳ ултиматум монд, аммо бо сипари шудани моҳ дар як ҷаласаи вилоятӣ мақомоти вилоят эълон намуданд, ки ниёзе ба амалиёт нест. Ҳама оҳи сабук кашиданд, ки ақл ғолиб омад ва ҳукумати Тоҷикистон аз як амали аҳмақонаи дигар даст кашид.

Аммо, воқеъан ақл инҷо ғолиб омад ё омили дигаре ҳам дар тағйири мавқеъи ҷангҷӯёнаи ҳукумат дар Бадахшон таъсир дошт? Хонандаи хушзеҳн шояд дарк кард, ки ишораи мо ба ҳодисаи қатли Хошуқчӣ аст, ки таъсири бевосита дар тағйири (таъхири)  мавкеъи ҳукумат дар бораи оғози амалиёт дошт. Боз ҳам шояд савол гузошта шавад, ки марги як журналисти хориҷӣ чӣ таъсире метавонад дошта бошад? Воқеан, наметавонист таъсире дошта бошад, агар он рӯзноманигор шаҳрванди Арабистони Саъудӣ намебуд. Ё агар мебуду маргаш барои саъудиҳо то ин ҳад бӯҳрон эҷод намекард. Бӯҳроне, ки метавонад боиси тағйироти ҷиддӣ дар баданаи ҳокимияти ин кишвар ва ҳатто, суқути як хонадони подшоҳӣ гардад.

Оне, ки робитаҳои Тоҷикистон ва саъудиҳо якбора пас аз соли 2015 ба болотарин нуқта расид ва ин ду кишварро шарикони наздик гардонид, ба касе пӯшида нест. Чӣ гуна як кишваре мисли Арабистони Саъудӣ, ки дар асоси идеологияи консервативии ваҳҳобият шакл гирифтааст бо кишваре мисли Тоҷикистон, ки бо сиёсатҳои зидиисломиаш маъруф аст дар канори ҳам қарор гирифтаанд, барои бархе саволбарангез буд. Аммо на барои хама. Ҳатто донишҷӯёни соли аввали риштаи сиёсатшиносӣ ҳам сабаби аслии наздикшавии ин дуро медонанд: зиддият бо Ирон. Бояд гуфт, ки мухолафат бо Ирон Раҳмонро на танҳо бо Арабистон, ҳатто бо Амрико, Исроил ва дигар рақибони тақлидии Ирон ҳам хеле наздик кард.

Кофист танҳо як далелро инҷо биёрем, ки тибқи гузориши вебсайти Бунёди Малик Салмон Тоҷикистон дуввумин кишвари олам пас аз Яман аст, ки аз ин ниҳод кӯмаки пулӣ дарёфт мекунад. Пулҳои ин Бунед Яманро ба чӣ ҳол оварданд, ба ҳама маълум. Аммо, дар Тоҷикистон ин пулҳо дар куҷо харҷ мешаванд?  Дар тамоми олами исломӣ аз ҳисоби маблағҳои Саъудӣ иншооте, масҷиде ва ё мадрасаи бузурге вуҷуд дорад, ки баёнгари ин кӯмакҳо ҳастанд. Аммо, дар кишвари мо ҳеҷ нишонаи бузурге аз Саъудӣ нест, бо вуҷуди он, ки мо ҷои дуюмро дар олам ҳамчун гирандаи кӯмак аз бузургтарин бунёди подшоҳӣ ишғол мекунем. Пас мушкил дар куҷост?

Агар хонандагон ёд дошта бошанд, қаблан гузорише дар расонаҳо оиди тарҳи бузурги исломии саъудиҳо дар Бадахшон нашр гашт. Хабар дар расонаҳои наздик ба ҳукумат ҳам нашр гашта буд. Ҳам мақомоти кишварамон ва ҳам саъудиҳо билофосила онро такзиб карданд ва гуфтанд, ки Арабистон тарҳе дар Бадахшон надорад. Ҷомеъаи коршиносӣ ва матбуотӣ дигар хабарро пайгирӣ накард. Аммо, соли гузашта сафири Арабистон дар кишварамон ҷаноби Абдулазиз бин Муҳаммад Ал-Бодӣ  дар мусоҳабаи худ дар яке аз расонаҳои саъудӣ бо фахр эълон кард, ки кишвараш тавонист ҷои Ирон дар Тоҷикистонро танг кунад. Баъдан илова шуд, ки манзури сафир чизи дигаре буда, вале амалан сафир он чизеро гуфт, ки воқеъият дошт.

Суоли он аст, ки оё вокеъан хабари вуҷуди як тарҳи васеъи муштарак бо саъудиҳо дар Бадахшон тасодуфӣ буд?   Воқеъаҳои рӯзҳои ахир нишон медиҳанд, ки на танҳо тасодуфӣ набуда, балки дорад натиҷа ҳам медиҳад. Фақат ин тарҳи муштарак фарҳангӣ, таълимӣ, исломӣ ва ҳатто иқтисодӣ набуда, балки сирф низомӣ — сиесӣ мебошад.

Сарчашмаҳои огоҳ аз дохили сохторҳои ҳукуматӣ, ки ба ин самт рафтани вазъияти кишварро қабул надоранд, маълумот ва таҳлилҳои дақиқеро дар ин мавзӯъ ироа карданд.

Тибқи ин маъулумот, ҳанӯз ду сол қабл роҳбарияти Тоҷикистон ба мақомоти Арабистони Саъудӣ тарҳеро барои муқобала бо Ирон дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод намуданд, ки тибқи он ба Тоҷикистон ҷойгоҳи вежа дар ин тарҳ пешбинӣ шуда буд. Арабистон ҳам ин тарҳро бо камоли майл пазируфт, чун муқобала бо Ирон яке аз авлавиятҳои стратегии ин кишвар маҳсуб мешавад ва ҳарки дар он шарик шавад, аз имтиёзҳо ва имкониятҳои васеъе бархӯрдор хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки ин тарҳ аз ду ҷиҳат барои Арабистон мувофиқ буд: геополитикӣ ва идеологӣ. Рақобати таърихии арабӣ — аҷамӣ (форсӣ) аз як тараф ва мазҳабӣ (шиъӣ -суннӣ) аз тарафи дигар. Барои амалӣ кардани чунин тарҳ аз Раҳмон ва ҳукуматаш шарики беҳтаре пайдо кардан душвор мебуд. Ӯ ҳам мӯҳтоҷ ба пул аст ва ҳам ошиқи пул. Инҷо ҳарду ҷониб якдигарро хуб дарк карданд ва манфиати муштарак ду ҳукумати аз ҳам фарсахҳо дурро ба  шаркони наздик табдил дод.

Аммо, чаро Бадахшон? Коршиносони масоили мазҳабӣ медонанд, ки ҷараёни ваҳҳобия ҳассосияти шадид нисбати бархе ҷараёнҳо ва мазҳабҳои исломӣ дорад ва қисме аз онҳоро то ҳади куфр, ширк ва бидъат мерасонад. Ба хусус, нисбати мазҳаби шиъа, ки исмоъилия яке аз шохаҳои он мебошад. Тибқи маъулумотҳо, Раҳмон ба роҳбарияти Арабистон Бадахшонро як минтақаи шиъанишин ва минтақаи осебпазир аз нигоҳи идеологӣ муаррифӣ кардааст, ки метавонад мавриди нуфузи Ирон дар оянда гардад. Муқобала бо Ирон дар минтақа бидуни тасхир ва контроли комили Бадахшони ғолибан шиъанишин имкон надорад. Албатта, коршиносон хуб медонанд, ки Ирон дар Бадахшони Тоҷикистон камтарин нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва мазҳабиро ҳам надоранд ва чунин вонамуд кардани вазъият назди саъудиҳо ҷуз тарсонидану пул гирифтан маънии дигаре надошт. Аммо барои идеологҳои Арабистон шиъамазҳаб будани ҳамватанони бадахшонии мо кофӣ буд, ки ин гӯшаи кишварамонро ҷузъи тарҳҳои геополитикии ин кишвар бигардонад.   

Коршиносони масоили Тоҷикистон одат кардаанд, ки ҳама ҳамкориҳои низомии кившарамонро ба Русия, Чин ва Амрико марбут бидонанд. Аммо, маълумотҳои ахиран расида нишон медихад, ки инҷо нақши Арабистони Саъудӣ кам гирифта шудааст. Ҳади ақал дар қазияи Бадахшон. Ба савол дар бораи он, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон дар чунин шароити бӯҳрони иқтисодӣ ва камбуди буҷа якбора як амалиёти низомии пурхарҷро мехоҳад дар Бадахшон роҳандозӣ кунад, мусоҳиби мо бо қотеъият ҷавоб дод, ки “тамоми харҷи ин амалиётро қаблан Арабистони Саъудӣ бар дӯш гирифта буд. Вагарна, имкон надорад, ки дар чунин шароити душвортарини иқтисодӣ ва он ҳам дар фасли сармо ва бидуни кадом ҳодисае ҳукумат ин амалиётро оғоз кунад”.

Имкон дошт ин даъвои сарчашмаи дохилии ҳукуматро зери суол бурд, агар бӯҳрони сиёсӣ дар Арабистон оғоз намегашт ва амалиёт ҳам ба таъхир намеафтод. Ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, ҳукумат дарк кард, ки бӯҳрони оғозгашта дар Арабистон метавонад маблағгузории минбаъдаи амалиётро ба мушкили дучор кунад, ки нишонаҳои он аллакай маълуманд. Хабарҳои зиёде аз камбуди ғизо ва либоси гарм барои сарбозону афсарони воридшуда ба Бадахшон мерасад. Дар сурати тӯлонӣ гаштани амалиёт вазъ метавонад боз бадтар шавад, ки ҳукумат чорае ҷуз катъ кардани амалиёт ё бори дигар муроҷиат ба Чин надорад. Россия ба ҳеҷ ваҷҳ амалиёти низомӣ дар Бадахшонро пуштибонӣ ва маблағгузорӣ нахоҳад кард.

Метавон гуфт, ки шаҳид Ҷамол Хошуқчӣ бо ҷони худ на танҳо пояҳои ҳукумати истибдодии Арабистонро ларзонд, балки оромишу суботи Бадахшони моро, муваккат бошад ҳам,  харид. Худо кунад, ки доимӣ бошад.

Худованд рӯҳи шаҳид Хошуқчиро шод ва Бадахшони азизи моро ором нигаҳ бидорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *