КДАМТ пурсуҷӯи гюленчиҳои бевазифаро оғоз кард
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба омўзиш ва баррасии мавод ва афкори гюленчиҳои тоҷикистонӣ шуруъ кардааст. Вале корро аз онҳое шуруъ кардааст, ки мансабҳои давлатӣ ва ҳатто ҷойи корӣ надоранд.
Яке аз сармуҳаррирони нашрияҳои давлатӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ўро низ пурсидаанд вале аз сабаби он ки ягон мавод дар бораи Гюлен нанавишта буд, аз элак соф баромадааст.
«Наҳангҳоро намепурсанд ва кордор ҳам нестанд, моҳичаҳоро мепурсанд. Гуфтанд пеш ба Диалог зиёд мерафтед, онҷо чӣ мегуфтанд? Чанд мавод навиштед? Афкори Гюленро дар нашрия бо номи мустаор чоп кардед? Аз кадом сол ба «Дилаог»-и туркҳо аъзо шудед? Ман соли 2008 аъзо шудаам вале худам хабар надорам. Як вақт гуфтанд ки нусхаи шиносномаатонро оред, бурдем баъди он Стамбул Чанакаливу ҳамон ҷойҳои таърихиашон сафар бурда буданд»- гуфт манбаъ.
Як манбаъи мо дар КДАМ гуфт, мақомоти амниятӣ хавфи афкори Гюленро дар маводу назарҳои таҳлилии Меҳмоншо Шарифзода, рўшанфикри тоҷик бештар ҷўста истодааст.
«Меҳмоншо рўшанфикри яккатоз нест, ў як шахси озодандеш аст ва ба дину эътиқоди мардум ҳам арзиш қоил аст. Аз ин хотир кадоме ташхис додааст ки афкору таблиғи Гюлен дар маводу навиштаҳои Меҳмоншо Шарифзода ниҳонӣ аст. Гуё Шарифзода, ҳам дар баробари 1000 зиёии тоҷик яке аз аъзои «Диалог» будааст. Аммо ҷурми асосии у ин будааст, ки ким кадом вақте, чанд сол пеш ба яке аз нишастҳои “Диалог” даъват шуда будааст.»- гуфт манбаъ.
Аммо як манбаъи дигар, ки бо ин мутафаккири тоҷик шиносоии хуб доштааст, дар бораи Меҳмоншо гуфт, ки афкору андешаи Меҳмоншо Шарифзода асосан атрофи худшиносии миллӣ чарх мезанад ва идеологияи Гюлениҳо дар Тоҷикистон аслан ба ин мавзуъ сару кор надорад.
Тарафдорон ва муридони Фатҳулло Гюлен байни мансабдорон ва зиёиёни Тоҷикистон кам нестанд ва худи мақомоти Тоҷикистон ҳам ба хотири сармоягузориҳои ҳангуфти ташкилотҳои марбути Гюлен ба Тоҷикистон ҳамкориҳои зиёдро ошкоро то ҳодисаи кушиши кудато дар Туркия ба роҳ монда буданд. Аммо имруз, ки сиёсати муросо тақозо мекунад, бояд Тоҷикистон масири худро дар робита ба муносибат ба ташкилотҳои марбут ба Гюлен муаян кунад, маҷбур аст як кам дар баробари яке аз беҳтарин шарики иқтисодияш Туркия худнамоӣ кунад. Аммо ҳаракати Гюлен дар сатҳи давлатӣ ва байни зиёиёни Тоҷикистон ба ҳадде инкишоф ёфтааст, ки имкони аз байн бурдан қариб ба сифр баробар аст.
Ташкилоти Авруосиёгӣ дар Тоҷикистон бо номи «Диалог» шинохта аст, ки муассиси он Фатҳулло Гюлен шаҳрванди Туркия ва яке аз сиёсатмадорони мазҳабӣ ба ҳисоб меравад. Тарафдорони мактаб ё афкори Гюлен дар Тоҷикистон аз профессорон ва зиёиён иборат аст, ки ҳар сол дар бораи ин бобояшон даҳҳо мавод дар нашрияҳои давлативу ғайридавлатӣ нашр мекунанд. Баъдан ин мавод дар шакли китоб бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Китобҳои бо забони тоҷкӣ дар бораи Гюлен чоп шуда дар хориҷ бо забонҳои туркӣ ва англисиву немисӣ ҳам нашр мешавад вале танҳо барои марказҳои фарҳангии Гюлен дар хориҷ ироа мегарданд.
Тоҷикистон ду сол қабл литсейҳои тоҷикӣ туркиро, ки муассисашон ташкилоти «Диалог» буд ба литсейи лаёқатмандҳо табдил доду, теъдоди омўзгорони туркро дар ин муассисаҳои илмӣ кам ва омўзиши забони туркиро қатъ кард. Вазорати маориф ва илм фаъолияти ташкилоти «Шалола»-ро, ки мустақиман литсейҳои туркиро сарпарастӣ мекард, манъ кард. Биное ки ба «Шалола» иҷора дода буд бозпас гирифт. Ин дар ҳолест, ки мактаби байналмилалии Душанбе (интернешнл скул) ҳам то ба ҳол дар ихтиёри Гюлениҳо аст.