Рубрики Хабарҳо

Нурулло Алиев Пэдди Пимблетро ба майдон хонд

Нахустин муборизи UFC аз Тоҷикистон Нурулло Алиев варзишгари бритониёӣ Пэдди Пимблетро ба октагон даъват кард.

Дар ин бора худи Нурулло Алиев дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хабар дода навиштааст, ки мехоҳад бо Пэдди Пимблет қувваозмоӣ кунад.

Гуфтанист, охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиеви 23-сола дар сабқати UFC нахустин қувваозмоии худро анҷом дод ва бо қарори аксарияти доварон бар Рафаэл Алвеси бразилӣ пирӯз шуд. Мубориза дар Лас Вегас доир шуд. Дар маҷмӯъ, Алиев дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ нӯҳ пирӯзӣ ба даст овардааст ва ягон бохт надорад.

Пэдди Пимблетт моҳи декабри соли гузашта бо қарори якдилона Ҷаред Гордонро мағлуб кард. Дар маҷмӯъ, 20 пирӯзӣ ва се мағлубият дар муҳорибаи  MMA дорад. Алиев аввалин муборизи UFC аст, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки варзишгари дигари тоҷик Лоик Раҷабови 32-сола, ғолиби дукаратаи гран-при ПФЛ дар вазни сабук бо қавитарин лигаи ҷаҳон UFC шартнома баст ва аллакай шаби 4 ба 5уми март бо Эстебан Рибовичи аргентинӣ, қувваозмоӣ мекунад. 

Эстебан Рибовичи 26-солаи аргентинӣдар таърихи муҳорибаҳои касбияш ягон маротиба шикастро надидааст ва 11 ғалаба дорад, ки охиринашро моҳи августи соли гузашта ба даст оварда, Томас Полро нокаут карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *