Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли зиёди фаромадани тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кард, ки дар рӯзҳои наздик аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд, чун, эҳтимоли фаромадани тарма дар Тоҷикистон хеле зиёд боқӣ мемонад.

КҲФ такроран ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва бахусус ронандагон мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳ чанд рӯз офати табиӣ вуҷуд дорад.

Барои бехатарии ронандагон дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳо дастаҳои наҷотдиҳии воҳидҳои зудамал мунтазам навбатдорӣ мекунанд.

Онҳо омодаанд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда кӯмаки фаврӣ расонанд.

То ин вақт дар самтҳои Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб эҳтимоли резиши тарма, фаромадани сел ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

Сокинони деҳаҳо низ бояд аз рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, ба шикор ва моҳидорӣ даст кашанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *