Рубрики Хабарҳо

Бори 6-ум: бузургтарин масҷиди Тоҷикистон боз мешавад

Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, соли 2019 сохтмонаш тамом шуда буд бори шашум “боз мешавад”. Расонаҳои Тоҷикистон қаблан панҷ маротиба аз ифтитоҳи қарибулвуқӯъи масҷиле, ки бо маблағгузории Қатар дар маркази Душанбе сохта шудааст хабар дода буданд. Дар аксари ҳолат санаи ифтитоҳи масҷидро ҳам эълон мекарданд, аммо ин иттифоқ то ҳол наафтодааст.

Имрӯз ҳам расонаҳо аз кушодашавии ин масҷид дар санаи 8 июн бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар хабар медиҳанд. “Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъе дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Радиои Озодӣ бо истинод бо “ду манбаъи аз ҳам ҷудо” навиштаанд қарор аст билохира дарҳои ин масҷид ба рӯи намозгузорон боз шавад.

Гуфта мешавад ҳоло барои кушодаи ин масҷид омодагӣ мебинанд ва сафари амири давлати Қатарро ба Тоҷикистон интизоранд.

“Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар аввали моҳи июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ҷараёни ин сафар, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи 8-уми июн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ин масҷидро боз мекунанд”, — гуфтааст манбаъ аз Кумита дин. 

Сафари ҳайати Қатарро дар Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон низ тасдиқ карда, вале санаи дақиқашро нагуфтаанд.

Дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли ҷорӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфта буд, ки ин масҷид дар семоҳаи дуюми соли равон кушода мешавад.

Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон метавонад дар як вақт беш аз 100 ҳазор нафар намозгузорро ҷой диҳад.

Бунёди масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро давлати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро давлати Қатар пардохт кардааст.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 500 мошин иборат аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *