Баҳси раҳбари мухолифон навиштани Раиси ПМТ дар сомонаи Паём дар фазои маҷозӣ ба шиддат боло рафт ва боиси суитафоҳумҳои зиёд гардид. Албатта ин хуб аст, ки мебинем мухолифон ба масоили ҳассос бетафовут нестанд ва нигарони шаклгирии диктатура ва худкомагӣ дар ҷомеа ҳастанд.
Агарчӣ аз нигоҳи мо ин масъала ниёз ба баҳс надорад ва бардоштҳои мутафовит аз як масъала табиӣ ҳаст. Аммо баъди суҳбатҳои охир дар ин замина лозим ва зарур аст, ки ба чанд нукта ишора кунам, то сукут ҳамл бар ризоят нашавад.
1. Аслан вожаи роҳбари мухолифон ҳамчун як истилоҳи сиёсӣ аз тарафи тамоми расонаҳо ва коршиносон истифода мешавад ва ин як истилоҳи марсум дар саросари дунё аст. Дар тамоми дунё як нафарро ҳатто агар раҳбари як гурӯҳи хурд ҳам бошад, ба унвони раҳбари мухолифин ном мебаранд, ки ин нисбист ва манзур як гурӯҳи хосс аст, на ҳамаи мухолифин. Барои ин даҳҳо мисол вуҷуд дорад, ки расонаҳои дунё истифода кардаанд. Барои мисол метавонед ба линкҳои зер муроҷиат кунед.
Ҳамчуноне, ки агар як гурӯҳ мухолифин дар як гӯша эътироз карданд, мегӯянд эътирози мухолифини тоҷик, вале манзур як гурӯҳ аз мухолифин аст ва на ҳамаи мухолифин.
2. Вақте як нафар бо ман ҳамчун сухангуи гурӯҳи 24 тамос гирифт ва талаб кард, ки ба Раёсат чизеро бирасонам, хоҳиш кардам, ки ҳадди ақал бо навиштае шумо дархостатонро ба ман фиристед то дақиқан онро ба Раёсати Ҳизб бирасонам ва ҷавобашро ҳам ба шумо биёрам. Аз эшон хоҳиш кардам, ки худашон як бор машварат кунанд ва боз суҳбат хоҳем кард. Дақиқан ҳамин буд, ки боз суҳбат хоҳем кард. Аммо дигар ҷавобе надоданд. Дар айни ҳол аз он кас хоҳиш кардам, ки бо масъули Паём тамос гиред ва мустақиман эътироз ё интиқодатонро матраҳ кунед.
Хуб мешуд, ки дӯстон эътирозашонро ба масъули ин расона мерасонданд ва ба эҳтимоли зиёд баҳс ҳамонҷо тамом мешуд.
3. Комилан дуруст аст, ки дар гузашта чунин баҳсе сурат гирифта буд ва мо онро бо масъулини расонаҳо дар миён гузоштем. Бо вуҷуди онки ҳеҷ ишколе дар истифодаи ин истилоҳи сиёсӣ вуҷуд надорад, таъкид бар он шуда буд, ки аз истифодаи чунин вожаҳо парҳез ва ҳассосиятҳо дар назар гирифта шаванд. Бо эътирофи худи дӯстон баъди ин суҳбат дигар аз ин ибора истифода намешуд. Метавонист ин масъала бо масъулини худи расона матраҳ шавад, зеро маълумоти дасти аввал беҳтар аз ҳадсу гумон аст. Шояд баъзеҳо бовар накунанд, ки Паём баъзе вақтҳо матолибе нашр мекунад, ки мухолифи сиёсати куллӣ ва мавқеъгириҳои ПМТ мебошад ва ҳангоми баҳс бо онҳо баъзе вақтҳо қабул мекунанд, вале бархе авқот дар назари худ пофишорӣ мекунанду боқӣ мемонанд. Ин шояд аз нигоҳи дигарон навъе бесарусомонӣ, итоат накардану ғайра бошад, аммо аз нигоҳи тарафи дигар айни озодӣ ва демократия дониста мешавад.
4. Гоҳе инсонҳо дучори теорияи тавтеа (сonspiracy theory) мешаванд, ки бар асоси он рафтори як ё чанд шахсро дар чорчубаи кадом як барномаи калони аз пеш тарҳрезишуда мебинанд. Онҳо як амал ё рафтори соддаро ҳамчун як таҳдид ё хатари бузург эҳсос намуда, аксуламали шадид нишон медиҳанд. Дар ҳоле, ки асли қазия шояд як амали оддӣ аз тарафи як шахс ё як расона бидуни кадом барномарезӣ бошад. Гоҳе кор ба ҷое мерасад, ки амали ким кадом як фейки гумномро ҳам як “барномаи бузург” мебинем. Дар ҳоле, ки ҳукумат ҳам шабонарӯзӣ дар фикри эҷоди ихтилофу душманӣ дар миёни мухолифин аст, ингуна бархурд бо масоил метавонад ҳамаро аз ҳадафи аслӣ мунҳариф созад ва хуб аст, ки мо аз тавтеапиндорӣ дурӣ ҷуем.
5. Мо ниёз ба гуфтугӯҳои созанда ва ба дур аз эҳсосот дорем ва бояд ба ин асл таваҷҷӯҳи бештар намоем.
Вожаи гуфтугӯ маъноҳои зиёд дорад ва густараи бузургеро дар бар мегирад. Вожаҳои гуфтугӯ, гуфтушунид, муколама, диалог гуфтумон ва ғайра ҳама муштаққоти калимаи гуфтугӯ ҳастанд.
Гуфтушунид (conversation), гуфтугӯ (dialogue), гуфтумон (discourse), ҳар кадом дар забонҳои англисӣ ва арабӣ маъно ва таърифи хосс доранд. Аммо манзури мо аз гуфтугӯ чист?
Бар асоси гуфтаҳои донишмандони улуми сиёсӣ дар гуфтугӯ асл ин аст, ки тарафи муқобил ҳамсатҳи шумост ва шумо аз ҷойгоҳи бартар ё поинтар бо ӯ суҳбат намекунед. Дуввуман шумо аз тафовутҳо ва ихтилофи назарҳо миёни худ ва тарафи муқобил огоҳ ҳастед ва онро ба расмият мешиносед. Ҳадаф аз гуфтугӯ огоҳӣ пайдо кардан аз нуқоти муштарак ва нуқоти ихтилоф байни худ ва тарафи дигар ва талош барои фаҳмидани тарафи муқобил дар заминаҳое аст, ки бо шумо мутафовит меандешад. Гуфтугӯ дар бораи ихтилофи назарҳо ва расидани тарафҳо ба як фаҳми солими мутақобилро тафоҳум мегӯянд. Гуфтугӯ дар асл амалест барои фаҳмидани тарафи муқобил ва расидан ба заминаҳои ҳамкорӣ барои ҳалли мушкили муштарак.
Гуфтугӯе, ки ҳадафи он исботи ҳаққоният ва дурустии назари худ ва исбот кардани ноҳақ будан ва нодурустии тарафи муқобил бошад он гуфтугӯ нест, балки мунозира ё муноқиша аст, ки дар англисӣ ба он дебат(debate) ё aргюмент(argument) мегӯянд. Гуфтугӯ аслан мубтанӣ бар фаҳмидани тарафи муқобил ва даст ёфтан ба заминаҳои ҳамкорӣ барои ҳалли мушкил аст. Аммо дар фазои сиёсии мо мутаассифона ба ҷои гуфтугӯ бештар мунозира ва муноқиша ҳоким аст ва мо бояд аз ин марҳала убур кунем.
6. Бархе дӯстон ба хотири огоҳӣ надоштан ё огоҳии кам доштанашон дар бораи муборизаҳои ҲНИТ, иддао мекунанд, ки наҳзат дар дохил мубориза накардаву чун аз кишвар хориҷ шудааст мубориз шудааст. Ин иддао дар ҳаққи наҳзат камлутфӣ ва дар ҳаққи зиндониён ва шуҳадои наҳзат беинсофист. Ҳар инсони оқил ва мунсиф медонад, ки наҳзат дар роҳи мубориза бештарин қурбониро додааст ва то имрӯз қурбонӣ медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки наҳзат дар замони фаъолияташ дар дохили кишвар байни солҳои 2000 то 2015 ҳам зиндонӣ ва шаҳидони зиёде додааст. Аммо ҳаргиз онро ба касе миннат накардаву ба рухи касе накашидааст. Ҳамчунин ҳаргиз иддао накардааст, ки наҳзат иштибоҳ надоштааст. Мисли ҳар неруи дигар шояд дар ҷое наҳзат ҳам дучори иштибоҳ шуда бошад, аммо ҳаргиз ба ормонҳои миллат хиёнат накардааст. Пас агар интиқоде ё шикояте мешавад ҳадди ақал аз доираи инсоф бошад.
Хулоса
Агар мо дар ҷустуҷӯи хатову иштибоҳи ҳамдигар бошем, мутмаиннан даҳҳо иштибоҳи ҳамдигарро пайдо хоҳем кард. Зеро мо ҳама инсонем ва аз ҳар амалу рафтор бардошти хосси худамонро дорем. Ҳамчунин ҳар як гурӯҳ ва созмони қавӣ ҳам дорои андешаву аҳдофи худаш аст ва аз истифодаи ҳар як ибораву мафҳуми роиҷ эҳсоси хатар намекунад. Балки бо дарки вазъият ва бо сиъаи садр онро марбут ба бардоштҳои мутафовит аз як ибора медонад.
Аслан имкон надорад, ки мо ҳама бо ҳам яке бошем ва мисли ҳамдигар биандешем. Аммо бо вуҷуди тамоми ихтилофи назарҳо мо як ҳадафи бузурги муштарак дорем, ки метавонад моро дар канори ҳам қарор диҳад. Ҳадафи мо ва дар канори ҳам қарор гирифтанамон лозим ва малзуманд. Яъне бидуни дар канори ҳам қарор гирифтан мо ба ҳадафамон намерасем ва бидуни ҳадафи муштарак дар канори ҳам қарор намегирем. Пас беҳтар он аст, ки болои муштаракотамон тамаркуз кунем ва болои ихтилофи назарҳоямон ба гуфтугӯ биншинем. Гуфтугӯе, ки ҳадафаш расидан ба нуқоти муштараки бештар ва тафоҳум бар сари як роҳи ҳалл бошад, на мутақоид кардану мағлуб кардани ҳамдигар.
Наҳзати исломӣ борҳо эълон кардааст ва боз ҳам таъкид мекунад, ки омодаи гуфтугӯ бо ҳама ҳаст ва хоҳад буд. Умедворам ва бовар дорам, ки мо тавони расидан ба чунин тафоҳумро дорем.
Бобоҷон Қаюмзод сухангӯи ҲНИТ
Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф