Рубрики Хабарҳо

Ҳайати Русия, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад аз 500 нафар иборат аст

Ҳамроҳ бо Михаил Мишустин, нахуствазир ва раиси ҳукумати Русия ба Тоҷикистон ҳайати бузурге аз Русия сафар мекунад. ҚИсмате аз ин ҳайат ҳоло вориди Тоҷикистон шуда ва гурӯҳҳои баъдӣ низ то фардо субҳ ба Душанбе хоҳанд омад.

Як манбаъи Паём гуфт, ки ҳамроҳ бо сарвазири Русия барои ширкат дар форуми тиҷориву иқтисодӣ ва ду форуми дигар вуруди ҳудуди 500 меҳмон дар назар аст. Дар ҳамин ҳол ӯ аз шарҳи ин ки ду форуми дигар дар чи мавзӯъоте ҳастанд, худдорӣ кард. 

Дар ҳамин ҳол, Михаил Мишустин баъди аз зуҳри имрӯз 2 март вориди Душанбе шуд. Ӯро ар фурӯдгоҳи Душанбе сарвазир Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Мақомот, ҳадафи сафари дурӯзаи сарвазири Русияро ширкат дар Нишасти нӯҳуми ҳамкории Тоҷикистон ва Русия унвон кардаанд. 

Сафари ҳайати бузург таҳти раёсати нахуствазири Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки Маскав бинобар таҷовузаш ба хоки Укроин таҳти таҳримҳои шадиди Ғарб қарор гирифтааст ва бо суръат шарикони тиҷориву стратегиашро аз даст медиҳад. Ду рӯз қабл Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфта буд Маскав муносибот бо кишварҳои Осиёи Миёнаро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор медиҳад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Маскав таваҷҷӯҳи чандони ба собиқ “бародарони кӯчак”-и худ надошт. Коршиносон ҳам таваҷҷӯҳи зиёди Русия ба кишврҳои ОМ-ро таъсири ҳамин таҳримҳо медонанд, чун аксари кишварҳои ҷаҳон аз муносиботи танготанг бо Русия худдорӣ мекунанд.  

Бахши эълоншудаи сафари сарвазири Русия ин аст, ки Михаил Мишустин аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин боздид карда, дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия иштирок менамояд.

3 март дар шаҳри Душанбе музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар назар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *