Рубрики Хабарҳо

Ботҳои ҳуши маснуъӣ “мумкин аст ба зудӣ аз мо пеш гузаранд”

Ҷефри Ҳинтон, ки аз сӯи бисёре падархондаи ҳуши маснуъӣ (AI) шинохта мешавад шуғли худ дар ин риштаро тарк карда ва дар бораи хатарҳои афзояндаи таҳаввулоти тоза дар ин замина ҳушдор додааст. 

Ҳинтон, ки 75 сол дорад дар баёнияе, ки дар ихтиёри Ню-Йорк Таймз гузошт аз ширкати Гугл истеъфо дод ва гуфт ӯ акнун аз кори худ дар ин ришта пушаймон аст. 

Ӯ ба ВВС гуфтааст бархе аз хатароти “ботҳои муколима” (чат бот)-и ҳуши маснуи “хеле тарснок аст.” 

“То ҷое, ки ман медонам онҳо дар ҳоли ҳозир аз мо боҳуштар нестанд. Аммо фикр мекунам мумкин аст ба зудӣ чунин шавад.” 

Таҳқиқоти доктор Ҳинтон дар заминаи ёдгирии амиқ ва шабакаҳои асабӣ роҳро барои тавсеаи системҳои кунунӣ мисли ChatGPT ҳамвор кардааст. 

Аммо ин мутахассиси зеҳншиносӣ ва донишманди улуми компютер ба ВВС гуфтааст, ки тавоноии “боти муколима” мумкин аст ба зудӣ аз ҳаҷми иттилооте, ки зеҳни инсон зарфияти нигаҳдории онро дорад, фаротар равад. 

“Дар ҳоли ҳозир мо шоҳидем, ки падидае мисли GPT-4 дар заминаи ҳаҷми дониши умумӣ аз инсон пеш меравад, он ҳам бо фосилаи зиёд. Аз назари истидлол, он қудратро надорад, аммо ҳамин ҳоло ҳам истидлолҳои содда анҷом медиҳад.” 

“Ва бо таваҷҷуҳ ба суръати пешрафт, интизор дорем, ки ин фановарӣ бо суръати зиёде қавитар шавад. Бинобарин ҷойи нигаронӣ ҳаст.” 

Доктор Ҳинтон дар мақолаи Ню-йорк Таймз ба “бозигарони бад”, ки саъй хоҳанд кард аз ҳуши маснуи барои “ҳадафҳои бад” истифода кунанд ишора мекунад. 

Ӯ дар посух ба ВВС барои тавзеҳи бештар гуфт: “шояд ин бадтарин сенарияи мумкин бошад, як даҳшат.” 

Барои мисол метавонед тасаввур кунед, ки як бозигари бад мисли Путин тасмим бигирад, ки тавоноии эҷоди ҳадафҳои фаръиро ба работҳо бидиҳад.” 

Ӯ ҳушдор медиҳад, ки ин ниҳоятан мумкин аст “боиси эҷоди аҳдофе мисл “ман қудрати бештаре мехоҳам” шавад.” 

Ӯ меафзояд: “ба ин натиҷа расидаам, ки навъи ҳуше, ки дар ҳоли тавсеаи он ҳастем хеле мутафовит аз ҳуше аст, ки мо дорем.” 

“Мо системҳои биологики ҳастем ва инҳо системҳои диҷитол ҳастанд. Фарқи бузург дар мавриди системҳои диҷитол ин аст, ки метавонед нусхаҳои зиёде аз як систем бо тавоноии яксон дошта бошед.” 

“Ва ҳама иннусхаҳо метавонанд ба таври ҷудогона омӯзиш бубинанд ва фавран дониши худро бо ҳамдигар ба иштирок бигузоранд. Мисли ин аст, ки даҳ ҳазор нафар бошанд ва вақте яке аз онҳо як чизро омӯхт, бақия ҳам фавран ҳамон чизро фаро гиранд. Ба ин шакл аст, ки ин ботҳои муколима метавонанд дониши хеле беш аз инсон дошта бошанд.” 

Доктор Ҳинтон ҳамчунин гуфт, ки далоили дигаре барои тарки шуғли худ дорад. 

“Яке ин ки 75 сол дорам. Пас вақти бознишастагӣ аст. Ва далели дигар ин аст, ки ҳарфҳои мусбате дорам, ки дар бораи Гугл бизанам. Ва вақте барои Гугл кор намекунед, эътибори ин ҳарфҳо бештар мешавад.” 

Ӯ таъкид кард, ки намехоҳад аз Гугл интиқод кунад ва ин ширкати азими фановарӣ “хеле масъулона амал кардааст.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *