Рубрики Хабарҳо

Талоши пулиси Покистон барои дастгирии Умрон Хон

Пулиси Покистон эълом кард, ки рӯзи якшанбе маъмуронеро барои дастгирӣ ва боздошти Умрон Хон равонаи манзили ӯ кард аммо муваффақ ба ёфтани нахуствазири собиқ нашуд. 

Умрон Хон, ки ба ҳамроҳи ҳаводоронаш муддатҳост давлатро барои баргузории интихоботи зудҳангом таҳти фишор қарор медиҳад бо чандин парвандаи қазоӣ рӯ ба рӯ аст. 

Ба гузориши Франс-Пресс, маъмурони пулиси Исломобод дар ҳоле вориди хонаи Умрон Хон дар Лоҳур шуданд, ки садҳо тан аз ҳаводорони вай дар он ҷо ҷамъ шуда буданд. Пулис ба рағми вуруд ба хона муваффақ ба ёфтани нахуствазири собиқ нашуд. 

Дар паёме, ки пулиси Исломобод дар Твиттер мунташир кард омадааст: “тиме аз маъмурон ба мӯҷиби ҳукми додгоҳ барои дастгирии Умрон Хон вориди Лоҳур шудааст.” 

Дар идомаи ин паём омадааст, ки фармондеҳи тими эъзомӣ вориди утоқе дар хонаи Умрон Хон шуд, ки гумон мерафт дар он ҳузур дошта бошад аммо ӯ дар утоқ набуд.” 

Ҳукми боздошти Умрон Хон пас аз он содир шуд, ки вай дар пайи таҳқиқоти як парвандаи муртабит бо фасод қарор буд дар додгоҳе, ки таърихи он 28 феврал эълом шуда буд ҳузур ёбад аммо ба ин ҳукм тан надод. 

Умрон Хон муттаҳам аст ҳадяҳоеро, ки дар даврони раҳбарии худ дарёфт карда ва ҳамчунин суди ҳосил аз фурӯши онҳоро эълом накардааст. 

Мақомот ва масъулони давлатӣ дар Покистон муваззафанд куллияи ҳадяҳои дарёфтиро эълом кунанд ва танҳо иҷоза доранд қисме аз ҳадяҳоро, ки арзиши онҳо аз ҳадди мушаххасе фаротар намеравад, назди худ нигаҳ доранд. 

Дар гузориш Франс-Пресс омадааст, ки Умрон Хон дақоиқе пас аз хурӯҷи пулис дар ҳоле, ки маъмурон ҳанӯз берун аз хона буданд тайи суханоне хитоб ба ҳаводорон ва аъзои ҳизбаш гуфт: “ман барои мавориде, ки воқеият надорад эҳзор шудаам”. 

Вай ҳамчунин дар идома таъкид кард: “агар миллат дар баробари ҳокимони фосид наистад, ояндаи хубе дар интизори кишвар нахоҳад буд.” 

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, муовини Ҳизби таҳрики инсофи Покистон, ки тавассути Умрон Хон таъсис шуда низ ба хабарнигорон гуфт иттилоияе, ки аз пулиси Исломобод дарёфт кардаанд ҳовии “ҳеҷ ҳукми боздоште” нест. 

Вай афзуд: мо дар ин иртибот бо вакилҳои худ машварат хоҳем кард ва мароҳили қонуниро тайи рӯзҳои оянда думбол мекунем. 

Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки додгоҳҳои Покистон ағлаб барои расидагиҳои тӯлонӣ ва хастакунанда ба парвандаҳо бо ҳадафи маъюс ва сархӯрд кардани мухолифони сиёсӣ мавриди истифода қарор мегиранд. 

Умрон Хон моҳи апрели гузашта дар пайи раъйи адами эътимоди Маҷлис аз қудрат сарнагун шуд ва аз он замон ба ин су мубориза ва талош барои таҳти фишор қарор додани давлат ба манзури барпойии интихоботи зудҳангомро оғоз кард. 

Вай соли гузашта дар ҷараёни яке аз роҳпаймоиҳое, ки ба ҳамроҳии ҳаводоронаш дар шаҳрҳои мухталиф барпо карда буд, мавриди суъиқасд қарор гирифт ва бар асари исобати гулӯла захмӣ шуд. 

Покистон бо беш аз 220 миллион нафар ҷамъият кишваре аст, ки бо таварруми шадид ва захоири арзии нокофӣ дасту панҷа нарм мекунад. 

Аз сӯи дигар музокирот миёни мақомоти покистонӣ бо Сандуқи байналмилалии пул ба рағми мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, ки ин кишвари ҷануби Осиё бо он рӯ ба рӯ аст мутаваққиф шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *