Дар нишасти сарони воҳидҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД дар Минск пешниҳодҳо барои рафъи таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро таҳия шудааст.
Валерий Ревенко, ёвари вазири дифоъи Беларус оид ба ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ дар саҳифаи твиттерии худ навишт, ки «дар ҷаласа пешниҳодҳои раҳбарони вазоратҳои дифоъ барои рафъи таниш дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон шунида шуд.
Гуфтанист, рӯзи 1 март дар Минск ҷаласаи кории сарони воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии низомии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД баргузор шуд. Ҷониби Беларус самтҳои афзалиятноки раёсати худро дар СПАД дар соли 2023 эълон кард. Белорус дар замони раёсаташ дар СПАД мехоҳад ба ҳалли вазъи бӯҳронӣ ва пешгирии нооромшавии минбаъдаи минтақаи СПАД, баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои қӯшунҳо ва нерӯҳои дастаҷамъӣ ба иҷрои вазифаҳои пешбинишуда, таҳкими ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ, баланд бардоштани иқтидори институтсионалии созмон дар соҳаи иттилоотию таҳлилӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
Вазири дифои Беларус Виктор Хренин, ки дар ин нишаст суханронӣ мекард, эълон кард, ки қарор аст рӯзи 25 май дар Минск ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СПАД баргузор шавад.
Дар нимаи моҳи сентябри соли 2022 дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи задухӯрдҳои ҳарду ҷониб зиёда аз 100 нафар кушта, тақрибан 400 нафар ҷароҳат бардоштанд. Кариб 500 хонаи истикоматй ва дигар иншоотҳо тахриб шуд.