Рубрики Хабарҳо

Ҳоаретс: Озарбойҷон дар ивази силоҳ ба фаъолиятҳои зиддиэронии Исроил кумак мекунад

Рӯзномаи исроилии Ҳоаретс бо баррасии парвозҳои борӣ, ки силоҳу маводи мунфаҷира аз Исроил ба Озарбойҷон мебарад, пешбинӣ кард, ки мумкин аст ҷанги дигаре миёни Озарбойҷону Арманистон рух диҳад. 

Ин рӯзнома мегӯяд, ки дар ивази силоҳ, Озарбойҷон ба фаъолиятҳои ҷосусии Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ кумак мекунад. 

Ҳоаретс ба нақл аз манобеъаш иддао мекунад, ки Озарбойҷон ба Мосад, дастгоҳи истихбороти хориҷии Исроил, иҷоза додааст то шӯъбае барои назорат бар Эрон, ҳамсояи ҷануби Озарбойҷон, эҷод кунад ва ҳатто майдонҳое барои Исроил омода шудааст то дар сурати тасмим, бар таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад. 

Ба нақл аз ин рӯзнома, ду сол пеш, ки ҷосусони Мосад архиви ҳастаии Эронро дуздида буданд, онро аз тариқи Озарбойҷон ба Исроил қочоқ карданд. 

Рӯзномаи Ҳоаретс бо баррасии иттилооти умумии парвози тайёраҳои борӣ дарёфтааст, ки тайи ҳафт соли гузашта, 92 парвози борӣ миёни Озарбойҷон ва пойгоҳи ҳавоии ъуудо дар Исроил анҷом шудааст. 

Тибқи ёфтаҳои Ҳоаретс, ҳар бор, ки даргирии низомӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғи куҳи афзоиш ёфт, суръати парвозҳои борӣ миёни Боку ва Исроил низ бештар шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳафт парвоз аз Озарбойҷон ба майдонҳои ҳавоии Исроил сурат гирифта ва пас аз чанд соати нишаст дубора ба мақсади Боку баргаштааст. Ин нишон медиҳад, ки Озарбойҷон дар ҳоли таҷҳизи нерӯҳояш аст. 

Рейтерз рӯзи якшанбе гузориш дод, ки дар даргирии тоза миёни артиши Озарбойҷон ва арманиҳо дар Қарабоғи куҳӣ, ҳадди ақал панҷ нафар кушта шудааст. Вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки ду сарбози ин кишвар замоне кушта шуд, ки монеъи як мошини борӣ, ки аз як ҷодаи истифоданашаванда ҳаракат мекард шуд. Вазорати дифоъи Озарбойҷон гумон мекунад ин мошин силоҳ ҳамл мекард. 

Аммо, вазорати хориҷаи Арманистон гуфт, ки се маъмури вазорати дохилааш дар Қарабоғ тавассути нерӯҳои озарбойҷонӣ кушта шудааст. Ин вазорат гуфт, ки маъмурони вазорати дохила дар ҳоли интиқоли аснод ва хадамоти постӣ буданд ва иттиҳомоти Озарбойҷонро рад кард. 

Ҳоаретс навишт, ки равобити Озарбойҷон бо Эрон, ки аз Арманистон ҳимоят мекунад, муташанниҷтар шуда Ҷумҳурии Исломӣ борҳо дар мавриди ҳамкории наздики Озарбойҷон ва Исроил ҳушдориҳои тунди низомӣ додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *