Рубрики Хабарҳо

Ҷонибдории Думаи Русия аз афви муҳоҷирон

Дар Думаи давлатии Русия афви муҳоҷирони ихроҷшударо ҷонибдорӣ карданд.

Афви эҳтимолӣ дар мавриди шаҳрвандони хориҷие сурат хоҳад гирифт, ки аллакай барои ҳуқуқвайронкунии хурди маъмурӣ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудаанд. То ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар бахшҳои сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мусоидат кунад.

Раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия, Артём Кирянов дар суҳбат бо «Интерфакс» гуфта, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори меҳнат, махсусан дар бахши сохтмон ва бахши нигоҳдории инфрасохтори низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ камбудиҳо дар мавриди норасоии кадрҳо ҷой доранд. Бинобар, касе шароит дошта бошаду ба Русия омада кор кунад, мо набояд ба ин муқобилат кунем».

Ба гуфти Кирянов касоне, ки ба ҷиноят даст задаанд, ба авф шомил намешаванд.

Фақат муҳоҷироне, ки шартҳои будубошро вайрон кардаанд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ки ба касе зарар нарасондаанд, метавонанд авф шаванд.

Қаблан дар бораи баррасии ин масъала вакили Думаи давлатӣ Владимир Ресин иттилоъ дода, изҳор дошт, ки Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро зери назорат доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат чораҳои иловагӣ андешанд.

Вакил ҳамчунин зикр намуд, ки имкони эълони афв барои муҳоҷирони корӣ, ки қаблан барои нақзи низоми муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад.

Пештар чунин ташаббусро президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиёни Русия — НОСТРОЙ Антон Глушков ба миён гузошта, изҳор дошт, нерӯи кории хориҷӣ лозим мебошад, чун онҳо таҷрибаи кор ва малакаҳои истеҳсолӣ дар кишварро доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *