Рубрики Хабарҳо

Арабистон ба $37 млрд аз Боинг 121 ҳавопаймо мехарад

Ду ширкати ҳавопаймоии “Саъудия Эйрлайнс» ва “Риёз Эйр” дар ҳоли густариши новгонҳои (флотҳо) дурбурди худ ҳастанд. Ин ду ширкат 121 фарванд ҳавопаймои Боинг 787 ба арзиши 37 миллиард доллар супориш додаанд. 

Чашмандози 2030 ҳамон барномае аст, ки давлати Арабистони Саудӣ мехоҳад ояндаи дурахшонеро ҳатто бидуни нафт ба Арабистони саудӣ муҳайё созад. Гардишгарӣ дар ин барнома нақши асосӣ дорад. 

Қарор аст 100 миллион мусофир дар сол аз ин кишвар дидан кунанд. Кишваре, ки масоҳате бузургтар аз Мексика ё Индонезия дорад ва илова бар маконҳои таърихӣ, соҳилҳо, саҳроҳо, кӯҳҳои пӯшида аз барфро низ дар худ ҷой додааст. 

Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, подшоҳи Саудӣ дар ҳоли тавсеаи новгони хутути ҳавоии миллии кунунии худ аст. 

Рӯзи сешанбе 14 март эълом шуд, ки “Саъуди арабиан Эйрлайнз» 39 ҳавопаймои Боинг 787-и дигарро супориш медиҳад. Ҳамзмон, ин ширкат гузинае барои супориши даҳ фарванди дигарро низ барои худ маҳфуз донистааст. Тақсим байни Боинг 9-787 ва 10-787 ҳанӯз ба таври қатъӣ мушаххас нашудааст. 

Супориш ҳанӯз комилан қатъӣ нест 

Аммо ин супориш ҳанӯз ташнагии саудиҳоро рафъ накардааст. «Риёз Эйр” ба унвони як ширкати ҳавопаймои миллии Арабистон, ки тоза таъсис шудааст, низ қарор аст 39 фарванд “Дреим лайнер”-и навъи 787-9 супориш диҳад. Ҳамзамон гузинаи супориши 33 фурванд ҳавопаймои Боинг 787-9 дигарро низ барои худ маҳфуз донистааст. Интизор меравад, ки ин ширкати нави ҳавопаймоӣ супоришҳоеро низ ба “Эйрбас”-и аврупоӣ бидиҳад то битавонад ба ҳадафи роҳбурдии худ даст ёбад. 

Гуфта мешавад, ҳар ду супориш ҳанӯз ниҳоӣ нашудаанд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба барномаҳои баландпарвозона ва қудрати молии Арабистони саудӣ, қарордодҳо ба зудӣ қатъӣ хоҳанд шуд. 

Кохи Сафед имзои қарордоди 37 миллиардӣ бо Боингро таъйид кард 

Бо ин ҳол, сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, ки Боинг пас аз солҳо баҳс ва гуфтугӯҳои фишурда саранҷом тавонист қарордоди супориши ҳавопаймои мусофирбарӣ бо Арабистони Саудиро имзо кунад. 

Нэд Прайс, сухангӯи Кохи сафед дар баёнияе дар иртибот бо хариди ҳавопаймои Боинг аз сӯи Арабистони саудӣ гуфт: “дар ҳоле, ки моҳи гузашта Боинг дувумин қарордоди тиҷории бузурги таърихи худро барои беш аз 200 фарванд ҳавопаймо ҷиҳати ҳимоят аз густариши новгони тиҷории ширкати ҳавопаймоҳои Ҳинд (Эйр Индия) такмил кард, имрӯз ду қарордод бо Арабистони саудӣ барои сохти 121 ҳавопаймои Боинг 787 “Дрим лайнер” муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин моторҳои “Ҷенерол электрик” (genex) имзо шудааст.” 

Ин баёния меафзояд: “ин қарордодҳои таърихӣ бо Арабистони Саудӣ, яке барои эҷоди як хати ҳавоии ҷадид ва дигаре барои тавсеаи новгони мавҷуд аст, ки тақрибан 37 миллиард доллар арзиш дорад.” 

Нэд Прайс гуфт: “дар арзи чанд ҳафта, Боинг ду маврид аз бузургтарин муомилоти худро дар таърихи ин ширкат такмил кардааст. Ин қарордодҳо дар маҷмӯъ, беш аз як миллион ҷои корӣ дар Амрикоро дар занҷираи таъмини ҳавонавардӣ дар 44 иёлат пуштибонӣ мекунад. Охирин муомилот бо Арабистони саудӣ ба танҳоӣ аз беш аз 140 ҳазор шуғл дар Амрико пуштибонӣ мекунад, ки бисёре аз онҳо ба мадраки донишгоҳи чаҳорсола ниёз надоранд.” 

Арабистон то соли 2030 ҳудуди 330 миллион мусофир дар сол мехоҳад 

Арабистони саудӣ мехоҳад дар соли 2030 ҳудуди 330 миллион мусофир дар солро ҷо ба ҷо кунад, ки се баробари рақами кунунӣ аст. То он замон, “Риёз Эйр”-и ҷадид қасд дорад ба беш аз 100 самт дар саросари ҷаҳон парвоз кунад. 

Ин хутути ҳавопаймоӣ бо мақари худ дар Риёз, бештар бар меҳварияти муштариёни тиҷорӣ ва мусофироне, ки аз чандин парвоз барои расидан ба мақсади худ истифода мекунанд, тарроҳӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки хутути ҳавопаймои “Саъудия арабия эйрлайнз” бо мақари худ дар Ҷида, бар меҳмонони гардишгарӣ тамаркуз хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *