Александр Сёмин, фашисти муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик аз ҷониби додгоҳи вилояти Маскав имрӯз, 15 март, ба 24 соли ҳабс маҳкум шуд.
Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода хабар медиҳад, ки гуфтааст, “додгоҳи шаҳри Маскав Александр Сёминро қотил ва таҷовузгар эътироф намуда, ба 24 соли зиндон маҳкум намуд”.
“Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун руҳи духтарам шод аст”, — гуфтааст Абдусалом Саидов.
Нигина Тиллозода, модари Ҳувайдо, ки дар Тоҷикистон аст, гуфтааст дуояшро Худо шунид ва руҳи фарзандаш акнун ором аст.
“Фариштаи ман имрӯз ором гашт. Панҷ сол руҳану ҷисман шикастем, вале боз хестему даъво кардем”, — илова кард Нигина Тиллозода.
Волидони Ҳувайдо Тиллозода аз ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат паҳлӯяшон буданд ва дастгирӣ карданд, аз ҷумла ба намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори миннатдорӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.