11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Санади маҳрамона барои табдили Малдова ба як давлати тобеъи Кремл

Моҳҳо пеш аз ҳамла ба Укроин, Кремл зоҳиран дар ҳоли баррасии чигунагии тобеъ кардани Малдова ба Русия будааст. Як санади роҳбурдӣ нишон медиҳад, ки чи гуна Малдоваро метавон ба як кишвари ақморӣ (сателлит) ва тобеъи иродаи Маскав табдил дод. 

Як санади роҳбурдии фошшуда, ки гуфта мешавад мутааллиқ ба идораи раёсатҷумҳурии Русия аст, нишон медиҳад, ки ин ниҳод тарҳи дақиқеро барои Малдова, аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ омода кардааст. 

Бар асоси ин санад, Кремл бояд дар ин росто ҳаракат кунад, ки ин кишвари кӯчакро аз Ғарб ҷудо созад ва оянда онро дар канори Маскав нигоҳ дорад. 

Санади марбута ба як консерсиюми расонаии байналмилалӣ роҳ ёфтааст, ки шабакаҳои радио-телевизиони шимолу ғарбии Олмон (NDR ва WDR) ва низ рӯзномаи “Süddeutsche Zeitung» узви он ҳастанд. 

Ин санад, ки дида мешавад дар тобистони 2021 омода шудааст, тарҳҳои мушаххасе дар се марҳала ироа медиҳад, ки чи гуна Кремл метавонад то соли 2030 аз ҷараёнҳои тарафдори Русия дар Малдова ҳимоят кунад ва ҳамзмон аз гароиши ин кишвар ба сӯи Ғарб, паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ҷилавгирӣ кунад. 

Гуфта мешавад ин санад аз сӯи он коршиносони Кремл омода шудааст, ки дар ҳамон замон дар ҳоли омодасозии тарҳе дар мавриди пайвастани Беларус ба Федератсияи Русия будаанд. Рӯзномаи «Süddeutsche Zeitung» ва шарикони он дар моҳи феврал дар ин маврид гузориш дода буданд. 

“Süddeutsche Zeitung” менависад, ин бор, тарҳи Маскав барои Малдова ба пайвастани ин кишвар дар як федератсияи таҳти султаи Русия таваҷҷӯҳи чандоне накардааст. Балки ин нақша дар миёнмуддат, ба эҷоди як ҳукумати сателлит, ки тобеъи иродаи Маскав бошад, басанда кардааст. Ҳукумати сателлит ё ақморӣ ҳукуматест, ки дар зоҳир мустақил аст, аммо дар аст тобеъи ҳукумати дигаре мебошад.

Як мақоми аршади иттилоотии ғарбӣ, ки ҳар ду санадро хонда, ба Дойче Велла (Садои Олмон), гуфтааст, ки ҳадафи Маскав дар Малдова “афзоиши нуфузи тарафдорӣ аз Русия дар ин кишвар” аст. Кремл ин кишварро “бештар ба унвони як минтақаи тарафдори Русия” мебинад то бахше аз як императории ҷадиди Русия.  

Ин мақоми иттилоотӣ меафзояд, зоҳиран Кремл мехоҳад “бо истифода аз ҳама абзорҳо монеъ аз узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО шавад”. 

Бар асоси ин санади фошшудаи Кремл, яке аз ҳадафҳои асосии Русия барои даҳ соли оянда “муқобила бо талошҳои бозингарони хориҷӣ барои мудохила дар умури дохилии ҷумҳурӣ дар ростои тақвияти нуфузи НАТО ва заъифсозии мавқеъи Федератсияи Русия” аст. Дар ин робита бар нақши Иёлоти муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Туркия ва Укроин таъкид шудааст. 

Дар айни ҳол, Маскав зоҳиран мехоҳад дар мавриди узвияти эҳтимолии Малдова дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ё Иттиҳодияи иқтисодии Евразия (ИИЕА)), созмонҳое, ки таҳти султаи Русия ҳастанд, кумак кунад. 

Рӯзномаи олмонии “Süddeutsche Zeitung” менависад, ки ҷанг дар Укроин метавонад барои Маскав дар дастёбӣ ба ҳадафҳои худ дар Малдова монеъа эҷод кунад. 

Дар Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Маскав мехоҳад ҳар чӣ зудтар бо як кудато ҳукумати Малдоваро сарнагун ва Ғарбро дар баробари воқеиятҳои ҷадид бигузорад ва боис шавад, ки кишварҳои Ғарб фишори бештаре бар Укроин ворид оваранд. 

Боло гирифтани таниш дар минтақаи Приднестрове, ки ба Русия гароиш дорад, метавонад шавоҳиди далолаткунанда бар иҷрои ин нақшаи Кремл бошад. 

Нигоҳе ба вазъияти Молдова ва Приднестрове 

Ҷумҳурии Малдова, пойтахташ Кишинёв ва бо масоҳати 33 ҳазору 700 километр, дар шарқи Аврупо ҷойгир аст, ки аз Ғарб бо Руминия ва аз шимоли шарқӣ то ҷануб бо Укроин ҳамсоя аст. Танҳо роҳи иртиботи байналмилалии он, марзи обӣ ба дарозии тақрибан 480 метр дар канори рӯди Дунай мебошад. 

Малдова бештар як ҷомеаи рустоӣ аст ва бар асоси омори бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 57 дарсад аз мардуми ин кишвар дар манотиқи рустоӣ зиндагӣ мекунанд. Фаъолияти асосии мардуми ин кишвар дар ҳавзаи кишоварзӣ ба вижа тавлиди шароб аст. 

Беш аз 93 дарсади ҷамъияти 3 миллионии ин кишвар православӣ ҳастанд. Бисёре аз мардуми Малдова дузабона ҳастанд: Забони расмии онҳо молдовӣ (шабеҳ ба руминӣ) аст, аммо аксари мардум ба забони русӣ низ сӯҳбат мекунанд. 

Мантиқаи Приднестровеи кунунӣ як “борикаи марзӣ” каме беш аз 4 ҳазор километри мураббаъ буда, дар шарқи Малдова ва дар ҳамсоягии Укроин аст. Ин минтақа ҳам акнун ба унвони як кишвари мустақил амал мекунад ва мақомоти Малдова низ эътироф мекунанд, ки контроле бар он надоранд. 

Приднестрове як ҷумҳурии худхондааст, ки ҷамъияти он ҳудуди 300 ҳазор нафар мебошад.  

 Малдова, ки замоне бахше аз Руминия буд дар соли 1940 дар Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии пешин пайваст. Бо фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, Молдова низ дар соли 1991 ба истиқлол расид. Аммо дар ҳамон замон миёни давлати тозаистиқлолёфта ва ҷудоииталабони минтақаи Преднестрове, ки мехостанд равобити худ бо Шӯравиро ҳифз кунанд, даргириҳое рӯй дод ва дар ниҳоят низ ин минтақа бо як ҷанги дохилии кӯтоҳ аз Малдова ҷудо шуд. 

Приднестрове як ҷумҳурии худ хондааст, ки ҷамъияти он бар асоси саршумории соли 2004, малдовиҳо бо 31٫9 дарсад, русҳо бо 30٫4 дарсад ва укроиниҳо 28٫8 дарсади аҳолии Приднестроверо ташкил медиҳанд. Ҷамъияти ин кишвар тақрибан 300 ҳазор нафар аст. 

Ин давлати худхонда, ки воҳиди пул ва неруҳои амниятии махсус ба худро дорад, ҳаргиз аз сӯи ҷомеаи байналмилал ҳатто аз сӯи Русия ба расмият шинохта нашудааст. Бо вуҷуди ин, наздикии ҷуғрофиёии он ба марзҳои Иттиҳодияи Аврупо боис шуд, ки дар тамоми ин солҳо, Русия таваҷҷуҳи вижае ба он нишон диҳад. 

Ин минтақа ба шиддат аз назари иқтисодӣ ба Русия вобастааст ва солҳост, ки аз воридоти ройгони гази Русия баҳра мебарад. Маскав ҳамчунин 1500 сарбоз дар ин минтақа мустақар кардааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *