Номзади пештоз дар рақобат барои мақоми сарвазирии Шотланд мегӯяд дар сурати истиқлоли ин минтақа аз Бритониё, ӯ Чарлзро аз подшоҳии Шотланди мустақил ҳазф хоҳад кард.
Ҳамза Юсуф, ки аз волидайни муҳоҷири покистонӣ зода шуда, тарҷеҳ медиҳад агар Шотланд мустақил шавад, ба ҷойи шоҳ, як раиси давлати мунтахаб дошта бошад.
Никола Стерҷен, вазири аввали Шотланд, моҳи гузашта аз ин мақом ва раҳбарии Ҳизби миллии Шотланд (SNP) истеъфо дод. Ҷонишини хонум Стерҷен бо раъйи аъзои Ҳизби миллии Скотланд дар таърихи 27 март интихоб мешавад.
Ду зан ва як мард, Аш Регн, Кият Фавербез ва Ҳамза Юсуф, номзадҳои ниҳоӣ дар ин рақобатанд. Юсуф, ки дар миёни аъзои парлумони ҳизб аз маҳбубияти болое барои раҳбарӣ бархурдор аст, ваъда додааст, ки дар сурати расидан ба раҳбарии Ҳизби миллии Шотланд ва сарвазири аввали ин минтақа, мавзӯъи баргузории ҳамапурсӣ барои истиқлол аз Бритониёро бо ҷиддият пайгирӣ кунад.
Ду раҳбари пешини ҳизби ҳокими Шотланд, яъне Алекс Смванд ва Никола Стерҷен, ҳар ду хоҳони ҳифзи мақоми салтанат дар раъси давлат буданд. Аммо Ҳамза Юсуф мегӯяд агар ӯ ба ҷонишинии хонум Стерҷен интихоб шавад, тарҷеҳ медиҳад зарфи панҷ сол аз замони расидан ба истиқлоли Шотланд, ҷойи шоҳ дар низоми ҳокимро ба як раҳбари мунтахаб бидиҳад.
Ҳамза Юсуф, ки 37 сола аст, дар ҳукумати маҳаллии Шотланд, вазири беҳдошт ва рифоҳи иҷтимоӣ аст.
Ӯ дар соли 1985 аз падари покистонӣ ва модари кениёии — осиёитабор, дар шаҳри Глазгои Шотланд зода шуд.
Юсуф, ки хатмкардаи донишгоҳи Глазго аст, дар соли 2011 замоне, ки 26 сол дошт, ба унвони ҷавонтарин намоянда, вориди парлумони Шотланд шуд.
Иттиҳодияи Бритониё аз чаҳор кишвари Англия, Шотланд, Ирландияи шимолӣ ва Уэлс ташкил шудааст. Кишварҳои Шотланд, Ирландияи шимолӣ ва Уэлс, ҳукуматҳои худмухтори маҳаллӣ доранд.