Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар Амрико пешвоз мегирад
Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико сафар кунад. Дар ин бора «Азия Плюс» бо истиндод ба дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шоми дирӯз Паймони миллии Тоҷикистон бо пахши аз сафари Раҳмон ба ИМА ва Аврупо иттилоъ дода, аз қабули диктотур дар кишварҳои озод изҳори нигаронӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, дар иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур танҳо дар бораи сафари Раҳмон ба ИМА гуфта шуда, аз воридшавии ӯ ба Аврупо ҳарфе нест. Дар Паймони миллии Тоҷикистон ба «Паём» гуфтанд, тибқи иттилоъи дарёфткардаи онҳо қарор аст сару каллаи Раҳмон дар Лондон ва яке дигар аз кишварҳои аврупоӣ, ки гумон меравад Олмон бошад, зуҳур кунад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур гуфтааст парвози Эмомалӣ Раҳмон аз Душанбе ба Амрико 20 март барномррезӣ шудааст. Ҳадафи ин сафар ширкат дар нишасти Конфронси оби Созмони милали муттаҳид аст, ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22 то 24 март дар Ню-Йорк баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо аз ширкати Раҳмон дар ҷашни Наврӯзи имсола, ки қарор аст дар Хуҷанд баргузор шавад, хабар дода буданд.
Конфронси об бо пешниҳод давлатҳои Тоҷикистону Нидерланд ташкил шудааст. Тибқи иттилоъи Дафтари матбуотии раисҷумҳур, Тоҷикистон қасд дорад рӯи мушкили обшавии пиряхҳо тамаркуз кунад.
Пиряхҳо барои Тоҷикистон бузургтарин манбаъи об ширин аст, ки ҳамчунин барои тавлиди барқ истифода мешавад.
Гуфтанист, моҳи декабр соли 2016, ба ибтикори Тоҷикистон, Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид тасмим гирифт, ки солҳои 2018-2028-ро даҳаи байналмиллалии иқдоми “Об барои рушди пойдор” эълом кунад.
Ҳадаф аз ин мусавваба ҳимоят аз рушди пойдор ва мудирияти якпорчаи манобеъи об гуфта мешавад.