Фармондеҳи Сентком: ДОИШ дар чанд моҳи оянда қодир ба ҳамла ба манофеъи кишварҳои ғарбӣ хоҳад буд
Генерал Майкл Курилла, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна, панҷшанбе гуфт, ки ДОИШ дар Афғонистон дар камтар аз 6 моҳи дигар метавонад манофеъи Амрико ё дигар кишварҳои ғарбиро мавриди ҳадаф қарор диҳад.
Ӯ ба Сенои Амрико гуфт, ки тавоноии ДОИШ барои “амалиёти берунӣ” дар Осиё ва Аврупо сареъан дар ҳоли густариш аст.
Бино ба арзёбии ин низоми баландпоя, ДОИШ дар ояндаи наздик қодир ба анҷоми ҳамалоти террористӣ дар хоки Амрико нахоҳад буд. Аммо гуфт, ки садҳо шаҳрванди Амрико дар берун аз кишвар дар маърази ҳамалоти ин гурӯҳ қарор дорад.
Мақомоти низомии Амрико пас аз хурӯҷ аз Афғонистон гуфта буданд, ки Иёлоти муттаҳида аз роҳи дур тавоноии ҳамла бар гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро дорад.
Бо ин, ки Генерал Курилла дар мавриди қудратманд шудани ҳузури ДОИШ дар Афғонистон ҳушдор дод аммо дар айни ҳол тасдиқ кард, ки Амрико пас аз хурӯҷ, ба нудрат алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон даст ба ҳамла задааст.
Курилла дар нишасти кумитаи нерӯҳои мусаллаҳ санои Амрико эътироф кард, ки тавоноии истихбороти Амрико дар Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳояш ба шиддат коҳиш ёфтааст. Бо ин ҳол, ӯ ибрози умедворӣ кард, ки бо сармоягузорӣ бар афзоиши тавони фановариҳои таҷассус аз иртифоъоти баланд, монанди паҳподҳо, ки барои рӯзҳо ва ҳафтаҳо битавонанд манотиқеро зери назар дошта бошанд, ин халои иттилоотиро метавон ҷуброн кард.
Ӯ гуфт: “дар ҳоли ҳозир, 80 дарсад вақти ман сарфи ҷамъоварии [иттилоот] аз иртифоъоти боло дар минтақа мешавад.”
Дар ҳамин ҳол Толибон мегӯянд ДОИШ дар Афғонистон тақрибан пурра шикаст хӯрдааст ва хатаре ба амнияти ин кишвар ва кишварҳои дигар аз хоки Афғонистон надорад.