Сафири Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, изҳороти Мануэл Микаллер 3-юми май дар нишасте бахшида ба рӯзи озодии сухан дар Душанбе садо дод. Вай аз боздошту зиндонӣ шудани чанд рӯзноманигори тоҷик дар соли гузашта ибрози нигаронӣ кард.
Мануэл Микаллер гуфт: «Расонаҳои мустақил, воқеан, дар рушди демократия, мубориза бо коррупсия ва пешниҳоди иттилооти дақиқ нақши ҳалкунанда доранд. Озодии баён танҳо арзиши амрикоӣ нест, балки арзиши ҷаҳонӣ аст.»
Сафири Амрико дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён аз он ёд овард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон чанд хабарнигор боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Ӯ гуфт, хабарнигорон ва расонаҳо набояд барои анҷоми вазифаи касбиашон мавриди ҳамла қарор гиранд.
Дар нишасти бахшида ба озодии баён дар Душанбе ба ҷуз аз сафири Амрико намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва САҲА низ иштирок доштанд. Онҳо бо зикри инки «матбуоти озод барои пойдор будани демократия нақши муҳим дорад» иктифо карда, дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон тақрибан чизе нагуфтанд.
Дар як соли охир 8 рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон боздошт ва 7 нафари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Мақомот аксари онҳоро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд, ҳарчанд худи онҳо инро рад карданд.
Гузоришгарони Бидуни Марз, ки дар Фаронса қароргоҳ дорад, рӯзи 3-юми май бо нашри Шохиси Озодии матбуот Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое қарор дод, ки аҳволи матбуоташон “бисёр бад” аст. Соли 2022 Тоҷикистон дар ин шохис аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки вазъи матбуоташон “душвор” номида мешуд.
Намояндагони Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷӣ дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе аз шароити кори хабарнигорон ва расонаҳо дар Тоҷикистон тавсиф карданд.
Раҳмоналӣ Шералиев, як масъули Вазорати фарҳанг гуфт, “дар мамлакат барои рушди ВАО тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити лозим фароҳам оварда шудааст.”
Заррина Исмоилзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз он ситоиш кард, ки 75 дарсади матбуот дар кишвар мустақил ва ҳамагӣ 25 дарсад давлатӣ ҳастанд. Исмоилзода ҳамчунин гуфт, дар кишвар 60 хабарнигори расонаҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд.
Изҳороти ин мақомдор дар ҳолест, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ чанд сол аст ба мушкили гирифтани аккредитатсия рубарӯ ҳастанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба чанд корманди нави Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият надод ва ба дигар хабарнигорон ҳамагӣ барои 3 моҳ аккредитатсия медиҳад. Дар ҳоле, ки аккредитатсияи хабарнигороне, ки доимӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, як сол аст.