Рубрики Хабарҳо

Вазъи Маҳмурод Одинаев дар зиндон вахим аст а ба ӯ нобудӣ таҳдид мекунад

Вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва муовини собиқи раиси ҲСДТ дар зиндон бисёр бад шуда ва ба ӯ ҳатто хатари нобудӣ таҳдид мекунад.

Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” муовини собиқи раиси ҲСДТ аз бемории ҷигар ва қалб ранҷ мебарад. Ба гуфтаи манбаъ пизишкон ӯро ба бемористони зиндон мунтақил кардаанд. Гуфта мешавад ҳол ҳоли ӯ бисёр бад аст, ба ҳадде, ки Маҳумрод Одинаев аз дарду ранҷи бисёр, нола мекунад ва ҳамтто мегиряд. 

Бо дарназардошти ҷасорат ва сабру тоқати ин марди мубориз, гирифтани чунин марде аз дарду ранҷи воқеъан шадид ҳикоят мекунад.  

Қаблан гузориш шуда буд Маҳмурод Одинаев дар зиндон аз роҳгардӣ мондааст. Пайвандонаш вазъи саломатии ӯро “риққатбор” номида аз мақомоти зиндон хоста буданд, то Одинаевро дар беморхонаи маҳбас бистарӣ созанд. 

Зубайда Ҳакимова, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, ки аз ӯ дар зиндон дидан карда, гуфта буд, шавҳараш дучори фишори хун, бемории дил буда, аз баста шудани роҳи пешобдон (аденома) азият мекашад ва бидуни асобағал роҳ гашта наметавонад.

“Аз рӯзи 3 то 7-уми феврал ҳамроҳи кӯдаконам бо Маҳмурод будам. Ҳамон ду сол пеш, вақте аз ҳолаш хабар мегирифтам, роҳ гашта наметавонист ва аз бемори дилу фишор шикоят мекард. То ҳол беҳбудие нест. Пештар дар беморхонаи маҳбас буд, ҳоло бо ин вазъ, боз ба утоқи маҳбас овардаанд,” — гуфта буд ҳамсари Маҳмурод Одинаев.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев гуфта буд, падараш дар аввали моҳи феврал ба мақомоти маҳбас нома навишта, хоҳиш кардааст, ки дар бемористон бистариаш кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *