11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Кабирӣ: сафари Раҳмон ба Аврупо на давлатӣ аст ва на корӣ, танҳо таблиғист

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд, Ғарб ҳеҷ далел ва ниёзе ба қабули Раҳмон надорад ва сафари дарпешистодаи ӯ ҳам на давлатӣ ва на корист. Ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳҳои тиҷориву лобигаре ташкил шудааст, ки дар Ғарб комилан қонунӣ ва роҳафтодааст.

Дар мусоҳиба бо Руслан Айсин, блогери тотор, раҳбари Паймони миллӣ гуфт дар сафари Раҳмон ба Ғарб бархе вохӯриҳо шояд анҷом шаванд, аммо на дар сатҳи давлатӣ ва бо шахсони баландпояи расмӣ. “Дар ИМА ӯ дар Конфронси об ширкат мекунад. Дар Лондон кадом як созмонҳои маҳаллӣ бо хоҳиши сафорати Тоҷикистон кадом конфронси соҳибкорие ташкил кардааст ва бо ин баҳона Раҳмонро ҳам ба он даъват кардаанд”, — гуфт ӯ.

Раҳбари мухолифини тоҷик гуфт “диктотурҳо вақте дар инзиво қарор мегиранд, мехоҳанд нишон диҳанд, ки чунин нест. Барои мисол Лукашенко ба Чину Русия ва Эрон меравад. Раҳмон бошад дар ин масъала чандон мунзавӣ нест ва гоҳе дар бархе конфронсҳо ширкат мекунад. Аммо баъд ин сафарҳои кучакро дар ҳадафҳои таблиғии худ истифода мекунанд, ки онҳо ба хориҷ сафар мекунанд ва дар инзиво қарор надоранд”.  

Кабирӣ ба конфронси Лондон ҳам бо шубҳа менигарад ва мегӯяд “чӣ гуна бизнес-конфронс дар Лондон байни Тоҷикистону Бритониё метавонад бошад, дар ҳоле, ки Бритониё камтарин сармоягузорие дар Тоҷикистон надорад? Тоҷикистон барои сармоягузорони Ғарб аслан ҷолиб нест”.

Ӯ мегӯяд нишастҳое мисли Конфронси об ба нафъи таблиғоти ҳукумати Раҳмон аст ва ӯ моҳирона аз ин гуна нишастҳо истифода мебарад, чун “дар онҳо ҳама, ҳатто диктотурҳо метавонанд ширкат кунанд. Он ҷо масоиле мисли ҳуқуқи инсон, демократикунонӣ ва интихоботи озод бардошта намешаванд ва барои амсоли Раҳмон ширкат дар онҳо хеле роҳат аст. Танҳо фоидае, ки Тоҷикистон чун кишвар аз ин конфронсҳо мегирад, ин аст чанд миллиони дигар грант барои ҳифзи пиряхҳо дарёфт мекунад”.  Асно ва баъди ин сафарҳо дастгоҳи таблиғотии диктотур мекӯшад нишон диҳад, ки ӯ мунзавӣ нест ва сафарҳои хориҷӣ анҷом медиҳад. 

Раҳбари Паймони миллӣ мегӯяд Тоҷикистон ҳамон як ҷолибияти қаблияш барои Ғарбро, ки дар мубориза алайҳи Толибон ва кӯмак ба ҳукумати Афғонистон дошт аз даст додааст ва мисол мезанад, ки вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен ҳам дар сафари осиёимиёнагиаш аз Душанбе дидан накард. Ӯ вориди Остона шуд, дар Самарқанд вузарои хориҷаи кишварҳои ОМ-ро ҷамъ кард ва сафараш бо ҳамин анҷом ёфт. Ҳоло Тоҷикистон танҳо барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон истифоад мешаваду халос. 

Кабирӣ эътироф мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон ва худи Раҳмон дар инзиво қарор надоранд, аммо мегӯяд ин мунзавӣ набудан танҳо ба ин хотир аст, ки Тоҷикистон барои касе ҷолиб нест чун “ба даҳгонаи кишварҳои баста ва саркӯбгар ворид мешавад”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *