11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

ПМТ ба подшоҳи Ҳолланд: хатари Раҳмон аз Путину Лукашенко камтар нест

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифони тоҷик дар хориҷ дар мактуби худ ба подшоҳи Ҳолланд даъват кардааст, ки дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузорад.

Паймони миллии Тоҷикистон ҳамчунин дар мактуб аз сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико ва Аврупо изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.

Эътилофи миллии Тоҷикистон дар мактубе, ки дар саҳфаи Фейсбукии расмии худ нашр кардааст, аз подшоҳи Ҳолланд дархост кардааст, ки аз диктатори Тоҷикистон тақозо кунад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро, ки чанде пеш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, озод карда,  ба назди ҳамсару фарзандонаш баргардонад.

Матни пурраи мактуби ПМТ ба подшоҳи Ҳолланд:

Ҷаноби олӣ

Виллем-Александер

Подшоҳи Ҳолланд,

Умедворам сиҳату саломат бошед.

Тибқи иттилои ба мо расида, раисҷумҳур ва диктатори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21.03.2023 то 29.03.2023 ба Аврупо, аз ҷумла Ҳолланд ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико сафар карда, дар шаҳри Ню-Йорк бо Шумо дидор хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон, дарозумртарин диктатор дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ мебошад, ки аз соли 1992 бо истифода аз зӯру қувва ва ворид кардани тағйирот ба Сарқонун дар қудрат қарор дорад, яке аз ба ҳисоб меравад ва бинобар ин, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Путин аввалин сафари хориҷии худро ба Точикистон анҷом додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо саркӯбҳои бераҳмона алайҳи рақибони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла соли 2015 алайҳи ҲНИТ, соли 2022 алайҳи мардуми Бадахшон ва 6 хабарнигор , тамоми озодиҳои шаҳрвандонро дар кишвар шадидан маҳдуд кардааст. 

Кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҳолланд, хатари диктатураи Лукашенко дар Беларусро дарк карда, бар зидди ӯ таҳримҳо ҷорӣ кардаанд, аммо диктатори Тоҷикистонро на танҳо таҳрим накарданд, балки аз ӯ истиқбол мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки Раҳмон барои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аз хатари Лукашенко камтар нест.

Дар ҳоле, ки дастони Раҳмон ва хонаводааш то ҳол ба хуни шаҳидони Бадахшон , Раҳмон аз Олмон ва дигар кишварҳои ғарбӣ боздид мекунад. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки аз ин диктатори шарику ҳампаймони Путин талаб карда шавад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро, ки чанде пеш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, фавран озод карда, ба назди хонаводааш дар Аврупо баргардонад.

Мо инчунин аз Шумо ва кишварҳои озод даъват менамоем, ки минбаъд низ дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузоред, ба онҳо дар таъқиби дигарандешони кишварҳояшон кӯмак накунед ва ба ин васила ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳо алайҳи башарият ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иҷозат надиҳед.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *