Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа барои амалисозии дувумин марҳилаи тарҳи “Мудирияти заболаҳо дар шаҳри Хуҷанд” 2,2 миллион евро ихтисос медиҳад.
Ин тавофуқнома рӯзи гузашта аз сӯи Маҷлиси намояндагони порлумони кишвар тасвиб шуд.
Бар асоси додаҳои Вазорати молии Тоҷикистон, арзиши кулли тарҳ 6,7 миллион доллар мебошад.
Ҳаҷми эътиборе, ки қаблан ихтисос шуда буд ва кумаки бебозгашти кунунӣ ҳар кадом 2,5 миллион доллар мебошад.
Ҳамчунин, бонк 1,7 миллион долларро ҳамчун кумаки фаннӣ ироа дод.
Муҳлати эътибор 12 сол буда 3 муҳлати боимтиёз дорад.
Дар чорчӯби тарҳ хариди корафзорҳои зарурӣ, контейнерҳо барои нигоҳдории заболаҳо, густариши майдонҳо ва ғайра амалӣ мешавад.