Як мақоми рус аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия ва даст доштани муҳоҷирони кории тоҷик дар тавсеаи он изҳори нигаронӣ кардааст.
Кирилл Кабанов, раиси Кумитаи зидди фасоди молии Русия дар суҳбат бо сайти “Сарград” гуфтааст, коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи қобили мулоҳизаи ҷиноеро дар кишвари мо фароҳам мекунанд.
Ин мақоми рус, ки узви Шӯрои назди раёсатҷумҳурии Русия низ ҳаст, дар идомаи суҳбаташ афзуд,”ҳамон зодагони Тоҷикистон ба сурати фаъол талош менамоянд, контроли гардиши маводи мухаддирро таҳти назорат бигиранд”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Кирилл Кабанов, онҳо кӯшиш мекунанд, мизони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русияро афзоиш диҳанд.
Дар ҳамин ҳол ин сойти русӣ иддао кардааст, ки баъди суқути Ҳукумати Афғонистон ба дасти “Толибон” интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз тариқи Тоҷикистон ба Русия афзудааст. Ҳол он ки ба навиштаи ин сойт, бузургтарин роҳҳои интиқоли маводи мухаддир ба Русияро ниҳодҳои хосаи ғарбӣ, бахусус Маркази кашфи Амрико дар даст дорад.
Зимнан Кирилл Кабанов низ гуфтааст, “моҳиятан аз ҳисоби муҳоҷирон, он тоҷиконе, ки дар фурӯши маводи мухаддир даст доранд, мехоҳанд ҷомеаи моро аз дарун ба фурӯпошӣ мувоҷеҳ намоянд”.
Ахиран ҳам Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфта буд, ки ҷиноёти содиршуда дар миёни муҳоҷирон афзоиши панҷбаробарӣ дорад. Аммо дар бештари маврид коршиносони умури муҳоҷират ва мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ин иттиҳомотро бепоя медонанд.