Рубрики Хабарҳо

Тарҳи нави Русия барои ҷалби сарбоз: $2500 моҳона ва $650 барои ҳар километр пешравӣ дар ҷабҳа

Давлат Русия корзори наверо дар саросари ин кишвар барои ҷалби сарбозон роҳандозӣ кардааст ва талош мекунад бо тамос бо мардони ҷавон ва бо ваъдаи додани музд ва мукофотпулӣ онҳоро барои рафтан ба майдони ҷанг тарғиб кунад. 

Ассошейтед Пресс дар гузорише дар ин бора ишора кардааст, ки донишгоҳҳо, ожонсҳои хидмати иҷтимоӣ ва марказҳои корёбӣ дар ин тарҳ бо давлат ҳамкорӣ мекунанд ва талош доранд, ки ҷавононро барои ҳузур дар майдони ҷанг бо Украина ташвиқ намоянд. 

Ин барномаи давлати Русия дар ҳоле пайгирӣ мешавад, ки дар сентябри соли гузашта тарҳи басиҷи 300 ҳазор сарбози захира ваҳшату нигаронии бисёреро дар ҷомеаи Русия ба ҳамроҳ дошт, зеро тақрибан аксари мардони зери 65 сол дар ин кишвар ба унвони бахше аз нерӯи захираи сарбозон ба шумор мерафтанд ва даҳҳо ҳазор нафар аз мардони ҷавон ҳам аз бими ҳузур дар ҷанг аз кишвар гурехтанд.  

Бо вуҷуди инкорҳои Кремл, шавоҳид нишон медиҳад, ки давлати Русия мардонро бо равишҳои мухталиф тарғиб мекунад то ба майдони ҷанг бираванд. Бар асоси гузориши ахири Муассисаи мутолиоти ҷанг, мустақар дар Иёлоти муттаҳида, Маскав бо ин равиш метавонад аз эълом як мавҷи дувуми басиҷи расмӣ ҷилавгирӣ кунад. Ин мавзӯъ ба вижа аз он ҷиҳат дорои аҳамият аст, ки дар мавҷи нахусти басиҷи умумӣ, эътирозот ва норизоиятиҳои зиёде дар сатҳи ҷомеъаи Русия эҷод шуд. 

Расонаҳои русӣ гузориш додаанд, ки мардум дар саросар кишвар даъватномаҳое аз комиссариатҳои ҳарбӣ дарёфт мекунанд. Дар бештари ин мавридҳо аз мардон хоста мешавад дар бораи хидмати ҳарбии худ маълумот ироа кунанд. Дар бархе дигар аз мавридҳо ҳам ба онҳо дастур дода мешавад, ки дар давраҳои омӯзиши низомӣ ширкат кунанд. 

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ҳафтаи гузашта гуфт, ки даъват барои гирфитани маълумот дар комиссариатҳои ҳарбӣ як амали маъмулӣ ва роиҷ аст. 

Ассошейтед Пресс мегӯяд, ки мақомоти Русия ба мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки теъдоди муайяне аз довталабонро барои ҳузур дар ҷанг ҷазб намоянд. Бархе аз мақомҳо эълом кардаанд, ки марказҳои ҷалби сарбозонро эҷод кардаанд, ки мардон бо имзои қарордодҳо ба унвони сарбози ҳирфаӣ муаррифӣ ва таъйин мешаванд. 

Эълонҳои ҷалби сарбозон дар веб-сайтҳои давлатӣ ва ҳисобҳои ниҳодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла китобхонаҳо ва ҳатто мактабҳои ин кишвар қобил мушоҳидааст. 

Дар яке аз ин мавридҳо, ки тавассути як идораи шаҳрдорӣ дар минтақаи Ярослав дар ғарби Русия сабт гардида, ваъда дода шудааст касоне, ки ба унвони довталаби ҳузур дар ҷанг худро муаррифӣ кунанд, як подош ҳудуди 3 ҳазору 800 доллари дар ибтидо дарёфт мекунанд. Зимни ин ки дар сурати эъзом ба Укроин барои ҷанг моҳонаи сарбозони ихтиёрӣ то 2 ҳазору 500 доллар ба иловаи 100 доллар дар рӯз барои ширкат дар ҷанг ба онҳо пардохт хоҳад шуд. Зимни ин ки дар идомаи ин эълон омадааст, ки дар сурате, ки фард дар амалиётҳои таҳоҷумӣ фаъол ҳузур дошта бошад, дар ивази ҳар километр пешравӣ маблағи 650 доллар дигар низ дарёфт хоҳад кард. 

Дар ин огоҳӣ омадааст, ки сарбоз аз имтиёзҳои молиётӣ ва бозпардохт қарз, сабукӣ дар қабули фарзандонаш ба донишгоҳ, ҷубронпулии саховатмандона барои хонаводааш дар сурати маҷрӯҳ ё кушта шудан дар амалиёт низ бархурдор хоҳад буд. 

Дар ҳамин ҳол шикоятҳои зиёде аз пардохт нашудани моҳонаи ваъдагӣ ва ҷубронпулӣ баъди маҷрӯҳ ё кушта шудан аз тарафи сарбозон ва хонаводаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Сергей Чернишев, муассиси як мактаби хусусӣ дар шаҳри Новосибирск ба Ассошейтед Пресс гуфтааст: “дар шаҳри Новосибирск, мақомот аз донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва мактабҳои касбӣ хостанд то таблиғоти ҷалби сарбозро дар веб-сайти худ қарор диҳанд.” 

Аз дигар талошҳои давлат барои ҷалби сарбоз метавон ба мулоқоти мақомоти комиссариатҳои ҳарбӣ бо донишҷуён ва мардони бекор ва ҳамчунин тамоси телефонӣ бо мардон барои довталаб шудан ишора кард. 

Як шаҳрванди сокини Москва, ки нахостааст номаш ифшо шавад ба Ассошейтед Пресс гуфтааст, ки чунин тамосе дарёфт кардааст. Ў албатта изофа карда, ки бисёр мӯҳтарамона бо ӯ бархӯрд шуда ва пас аз ин ки ба дархост барои ҳузур дар ҷамъи сарбозон посухи манфӣ додааст, ҳеҷ талоше барои мутақоид кардант ӯ сурат нагирифта ва бидуни ин ки таҳдиде матраҳ шавад, нафари телефонкунанда, бо эҳтиром худоҳофизӣ кардааст. 

Дар ҳамин ҳол, Григорий Сардилин, бунёдгузори гурӯҳе, ки ба мардон барои ширкат накрадан дар ҷанг кумак мекунад, мегӯяд мавридҳои каме ба қайд гирифта шудаанд, ки мақомот ба сурати ҷиддӣ мардонро барои сабти ном ва ҳузур ба унвони сарбоз таҳти фишор қарор додаанд. Ў изофа кардааст, ки гурӯҳи таҳти идораи ӯ рӯзона беш аз 100 паём дарёфт мекунанд, ки дар пайи тамоси комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар ниҳодҳои сарбозгирӣ иттифоқ меафтанд. Ў меафзояд ин адад дар моҳҳои ахир рӯзона даҳҳо паём буда ва ҳоло теъдоди тамосҳо афзоиш пайдо кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *