Рубрики Хабарҳо

Русия ба мусалмонҳо дар ҷанги Укроин эътимод намебандад?

Дар ҳоле, ки ҳафтае нест хабари кушта шудани тоҷике дар ҷанги Укроин расонаӣ нашавад, маълумоти дарёфткардаи “Паём” нишон медиҳанд мақомоти низомии Русия эътимоди чандоне ба мусалмонон, аз ҷумла тоҷикон дар ҷанг бо Укроин надоранд. Ҳузури тоҷикон ва кушта шуданашон дар ҷанг низ ин маълумотро камаҳамияттар намесозад.

Тибқи иттилоъе, ки “Паём” аз чанд манбаъи ширкаткунанда дар ҷанги Укроин ба даст овард, мақомоти низомии рус дар ҷабҳаи ҷанг ба мусалмонон бо шубҳа назар мекунанд ва мекӯшанд онҳоро аз нуқтаҳои калидӣ дуртар нигоҳ доранд. Ҳамчунин муносибат бо мусалмонон дар артиши Русия ба таври чашмрасе тағйир кардааст. 

Як сарбози тоҷики шаҳрванди Русия, ки 6 моҳ аст дар артиши он хидмат мекунад ва ба ҷанги Укроин бурда шудааст, мегӯяд қисми онҳо се моҳ дар вилояти Харков қарор дошт ва амалан дар ҷанг ширкат мекард. Ҳарчанд шиддати ҷанг дар ин вилоят ҳоло бисёр поин рафтааст, вале ба гуфтаи ӯ тирпаррониву тӯпандозӣ аз ҳарду ҷониб ҳамеша идома мекунад. 

Ба гуфтаи ӯ задухӯрди рӯдаррӯ дар вилояти Харков кам иттифоқ меафтод ва ӯ муддати ҳузураш дар Укроинро асосан дар хандақҳо сипарӣ кардааст. Мегӯяд муносибати афсарон бо сарбозони мусалмон бад нест, аммо ду моҳ қабл ин муносибат комилан тағйир кард.

“Як генерал ба қисми низомии мо омад ва амр кард, ки ҳамаи ғайрирусҳо бояд аз хати аввали ҷабҳа ба қафо баргардонида шаванд. Вақте мо ба қисми ҳарбӣ баргаштем, эълон шуд, ки мусалмонҳо ба Русия баргардонида мешаванд. Байни ғайрирусҳо буряту ингушҳо низ буданд, вале онҳоро дар қисми ҳарбӣ боқӣ гузошта, моро ба Русия баргардониданд. Баъд як ҳамхизмати бурятам гуфт, ки онҳоро дубора ба хати аввал бурдаанд” — қисса кард ба “Паём” ин сарбоз.      

Ӯ мегӯяд ба ғайр аз қисми онҳо аз чанд қисми дигари мустақар дар Укроин онҳоро баргардонида буданд. “Дар ҳанги (полк) мо ҳудуди 300 мусалмон ҳаст. То омадани мо ҳамагӣ 20-30 нафар будаанд. Ду рӯз қабл аз шурӯъи моҳи Рамазон қумондон пурсид, ки чанд нафар мехоҳанд рӯза бигиранд. Ҳудуди 200 нафар даст бардоштанд. Ӯ амр кард, ки шароит барои рӯзаву намози мо фароҳам карда шавад. Як биноро барои масҷид ҷудо карданд ва як гурӯҳи ошпазҳо муваззаф шуданд алоҳида барои рӯзадорон саҳрхӯриву ифтор омода кунанд. Ҳоло дар шароити бисёр хубе рӯза мегирему намози ҷамоъат мехонем”. 

Сарбози дигар, ки қисми низомиаш дар наздикии Баҳмут мустақар шудааст, достони дигаре дорад. Ӯ мегӯяд “дар қисми ҳарбӣ мо 4 нафар мусалмон будем, манҳо ман тоҷик. Афсару сержантҳо ба мо бовар намекарданд ва ба дигарон таъкид мекарданд, ки ҳушёр бошанд, то мо мабодо фирор накунем. Ба ман ягон маротиба силоҳ надоданд ва мегуфтанд, ки агар силоҳ гирад, мисли ҳамшаҳриҳояш ҳамаро мепаронад. Ҳамеша моро латукӯб мекарданд. намозу Қуръон хондан тамоман иҷозат набуд. Як ҷиҳати хубии кори мо ин буд, ки моро ҳеҷ гоҳ ба хати аввали ҷанг намебурданд. Ду дафъае, ки бурданд, вазифаи мо кашондани снаряд буд ва дусад метр дуртар аз хандақҳо қарор доштем”.

Ба гуфтаи ин сарбоз вазъи онҳо замоне тағйир кард, ки дар наздикии қисми онҳо қисми ҷангҷӯёни чечен ҷойгир карда шуд. “Рӯзе як қумондони чечен омаду мо чор нафарро ба қисмашон бурд. Зиёфат кард, либосҳои тоза дод ва пурсид, ки киҳо моро шиканҷа мекунанд. Баъд ҳамроҳи мо баргашту қумондони қисмро мурданивор латукӯб кард ва се нафареро, ки моро бештар аз ҳама ғам медоданд, гирифта бурд. Баъди ин воқеъа вазъи мо тамоман тағйир ёфт ва ҳоло касе бо мо кордор нест, намозҳоямонро ҳам мехонем”.

Ин сарбоз мегӯяд русҳо аз ҷангҷӯни чечен сахт метарсанд ва ҳамеша шикоят доранд, ки чеченҳо дар хати оқиби ҷанг истода, ҳар касеро, ки фирор мекунад мепаронанд, аммо худашон ҳеҷ гоҳ дар ҷангҳо ширкат намекунанд. 

Ин ҷо бояд қайд кард, дар Укроин вазъ комилан баръакс аст. Ҷангиҳои чечен, ки аз тарафи ин кишвар меҷанганд, ҳамеша дар хати муаддам қарор доранд ва ба хатарноктарин минтақаҳо аввалин шуда фиристода мешаванд. Барои мисол, тибқи додаҳои расонаҳои укроинӣ, чеченҳо ҳоло дар ҷабҳаи Баҳмут меҷанганд.

Он чи ду сарбоз ба “Паём” қисса карданд ба бархе аз суолҳо рӯшанӣ меандозад. Барои мисол, ҳади ақал 1 миллион тоҷик шаҳрвандии Русияро доранд, ки ҳудуди сад ҳазор аз онҳо воҷиди даъват ба артишанд. Аммо хабари ширкати тоҷикон дар артиш ва ба хусус кушта шудани онҳо бисёр кам ба чашм мехӯрад ва аз чанд адад бештар нест.

Хабари кушта шудани тоҷикон дар ҷанги Русияву Укроин асосан ба зиндониён бармегардад, ки аз тарафи гурӯҳи “Вагнер” ҷалб мешаванд. Аз нақли ду сарбоз мешавад хулосагирӣ кард, ки мақомоти рус аз ҷалби мусалмонон ба ҷанг бо кадом сабабҳое аз эҳтиёт кор мегиранд. Яке аз ин сабабҳо метавонад ду басиҷшудаи тоҷик — Меҳроб Раҳмонови 24-сола ва дигаре Эҳсон Аминзоди 24-сола дар моҳи октябр дар машқгоҳи Белгород ба сӯи басиҷиҳо бошад, ки ҳади ақал 32 кушта боқӣ гузошт ва худашон низ ба шаҳодат расиданд.

Ду тарафи ҷанг мекӯшанд таваҷҷӯҳи мусалмонон, ба хусус собиқ ҷангиён дар кишварҳои гуногунро ҷалб кунанд. Барои ҷалби сарбозони бекормондаи артиши Афғонистон низ муборизаи Русияву Укроин идома дорад. Ҳамчунин гуфта мешавад фиристодагони ҳукумати Путин дар Суриё ва Лубнон таблиғот мебаранд, то собиқ ҷангҷӯёнро ба артиши худ ҷалб кунанд.

Ин мубориза мисли ҳама муборизаҳои дигар бе ҷанги иттилоотӣ ва пахши хабарҳои дурӯғ намегузарад. Барои мисол чанде пеш наворе паҳн шуд, ки сарбозони рус ба Қуръон иҳонат мекунанд. Аммо дертар мутахассисон муайян карданд ин навор аз ҷониби сарбозони рус, ки либоси низомиёни укроинро пӯшида буданд, сабт гардидааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *