Рубрики Хабарҳо

Навраси тоҷик дар як сол русиро фаро гирифт ва ғолиби озмуни адабӣ шуд

Навраси 13-солаи тоҷик Бекзод Саидов, ки як сол қабд ба Русия кӯчида буд ва русиро намедонист, дар озмуни вилоятии адабӣ бо иншои ду шеър ҷои аввалро ишғол кард. Ин озмуни эҷодиёти адабӣ бахшида ба 200 солагии адиби рус Иван Тургенев дар вилояти Рязани Русия баргузор шуд.

Волидайни Бекзод як сол қабл барои дарёфти рӯзӣ ба Русия ҳиҷрат карданд ва писари ягонаашонро дар мактаби деҳаи Алёшинои ноҳияи Сасови вилояти мазкур ба мактаб доданд. Падараш чун ронанда ва модараш ба ҳайси ошпаз ба кор истоданд. Он ҳамон Бекзод русиро комилан намефаҳмид. Бо вуҷуди ин тавонист дар як сол на танҳо забонро фаро гирад, балки аз ҳамсинфонаш дар донистани забони модарии онҳо пеш гузарад.

Баъди мактаб ӯ ба маҳфили сухандонӣ ҳам мерафт ва аз мураббияаш Зинаида Пехтерева дарси каломи адабӣ мегирифт, менависад хабаргузории “Пресса”.

“Бекзод бо таваҷҷӯҳаш ба дониш ҳамаи муаллимонро дар ҳайрат гузошт. Аз забони рӯсӣ баҳои чору панҷ мегирад. Китоби Борис Полевой “Қиссаи инсони ҳақиқӣ”-ро нуқта ба нуқта хонд ва қариб азёд нақл кард. Ӯ шеърҳои Пушкинро дӯст медорад ва хелеяшро азёд кардааст, худаш машқи шеърнависӣ дорад. Дар шеърҳои ӯ бештар калимаҳои некӣ, виҷдон, муҳабат ва дӯстӣ истифода мешаванд” — гуфтааст Зинаида Пехтерева.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *