Футболбози ришдори дастаи «Хайр»дар Белорус озод шуд
Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат, ки бо дархости Тоҷикистон дар Белорус боздошт шуда буд, озод ва ба Украина фиристода шудааст. Қаблан ӯ аз мақомоти Белорус паноҳгоҳи сиёсӣ хоста буд.
Парвиз Турсуновро пулиси Белорус рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Минск дар ҳоли ҳиҷраташ ба Аврупо боздошт карда буд. Радиои Озодӣ бо истинод ба нафари огоҳ аз парвандаи Парвиз Турсунов навиштааст ӯро ба шарти бозгашт ба Украина раҳо карданд.
Мақомоти Тоҷикистон Парвиз Турсуновро бо иттиҳомӣ пайравӣ аз ҷараёни «Салафия» зери пайгард қарор додаанд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомот дар бораи салафигарӣ ва ифротгароиро рад мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон аз Беларус хоста буданд ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Парвиз Турсуновро, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и Ваҳдат буд, 7 сол пеш ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ надодаанд. Сипас ӯ бинобар риши дарозаш аз дастаи футболи ноҳиявӣ хориҷ карда шуд ва зери таъқиб кишварро тарк кард.