Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар хусуси мамнуъияти фурӯши мошинҳои нав бо муҳаррикҳои бензинӣ ва дизелӣ аз соли 2035 ба тавофуқ расиданд.
Бино ба эъломи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои узв қонуни мамнуъияти интишори карбон барои худравҳои шахсӣ ва тиҷории сабук то соли 2035-ро тасвиб кардаанд.
Тибқи ин қонун, худравсозон бояд то соли 2035 сатҳи тавлиди олояндаи деоксиди карбон дар худравҳои худро ба сифр бирасонанд.
Бинобар, фурӯши худравҳои ҷадид бо моторҳои сӯхти дохилӣ аз ҷумла бензинӣ ва дизелӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз таърихи мазкур мамнуъ хоҳад шуд.
Ҳамчунин аз соли 2030 мизони коҳиши интишори карбон дар худравҳои нав 55 дарсад хоҳад буд.