Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико, дар иртибот бо пардохти “ҳаққи сукут” ба як бозигари филмҳои шаҳвонӣ ба номи Сторми Дэниелс расман муттаҳам хоҳад шуд.
Ҷузъиёти иттиҳомот алайҳи Трампи 76 сола, ҳанӯз мунташир нашудааст.
Рӯзи панҷшанбе ҳайати додгоҳ раъй дод, ки раисҷумҳури собиқи Амрико бояд дар иртибот бо пардохти ҳаққи сукути 130-ҳазордолларӣ ба Сторми Дэниелс расман муттаҳам шавад.
Ин аввалин парвандаи кайфарӣ алайҳи як раисҷумҳури собиқи Амрико хоҳад буд.
Сюзнн Нейчл, вакили Трамп ин хабарро таъйид кард ва гуфт: “ӯ ҳеҷ ҷурме муртакиб нашуда, мо сарсахтона бо ин парвандаи сиёсӣ дар додгоҳ меҷангем.”
Элвин Брэгг, додситони минтақаи Манҳэттен, муваззаф шудааст Трамп ва вакилҳояашро дар ҷараёни ин мавзӯъ бигузорад.
Трамп дар Флорида зиндагӣ мекунад ва интизор меравад барои боздошт ва ширкат дар аввалин ҷаласаи додгоҳ ба Ню-Йорк сафар кунад.
Тими дифоъии ӯ мегӯяд Трамп ҳафтаи оянда худашро таслим хоҳад кард.
Пулиси махфии Амрико, ки вазифаи ҳифозат аз раисҷумҳурҳои собиқ ва феълии ин кишварро бар уҳда дорад тадобири амниятиро дар ҷараёни додгоҳ бар уҳда хоҳад дошт.
Ӯ монанди дигар муттаҳамони иқдомоти муҷримона, эҳтимолан бояд марҳалаи ангуштнигорӣ ва аксбардорӣ аз чеҳраи муттаҳамро пушти сар бигузорад.
Ӯ дар баёнияе дар вокуниш ба ин хабари Элвин Брэгг додситони кулли Манҳэттенро, ки масъули ин парвандаи қазоӣ аст, носазо гуфт ва ӯро мояи шармандагӣ хонд: “демократҳо дар ҷараёни исрорашон барои “гирифтани Трамп” дурӯғ гуфтанд ва тақаллуб ва дуздӣ карданд аммо ҳоло ба кори ғайриқобили тасаввуре даст заданд: муттаҳам кардани як фарди бегуноҳ барои халал ворид кардан дар интихобот.”
Элвин Брэгг як демократ аст ва Трамп борҳо таҳқиқ дар бораи амалкарди худро “интиқомгирии сиёсӣ” ба раҳбари мухолифонаш хондааст.
Брэгг такзиб кардааст, ки ангезаи ӯ интиқомҷӯӣ аз Трамп аст. Ў дар твитте навишт: “мо ҳар парванда дар ҳавзаи қазоии худро бар асоси ҳақоиқ, қонун ва шавоҳид арзёбӣ мекунем.”
Сторми Дэниелс мегӯяд дар соли 2006, як сол баъд аз издивоҷи Трамп бо Мелания, ҳамсари феъляш, бо ӯ робитаи ҷинсӣ доштааст.
Майкл Коэн, вакили собиқи Трамп, дар ҷараёни додгоҳ гуфт, ки дар ҳамоҳангӣ ва бо дастури Трамп, 130 ҳазор доллар ба Сторми Дэниелс ҳақи лсукут додааст.
Трамп доштани робита бо хонуми Дэниелсро инкор мекунад ва ахиран дар посте дар Truth Social, шабакаи иҷтимоӣ, ки худаш роҳ андохта, аз тарафдоронаш хост дар сурати судури ҳукми дастгирии ӯ ба он эътироз кунанд.
Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир дар садри феҳристи номзадҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи риёсатҷумҳурии соли ояндааст.
Дар қонуни Амрико ҳеҷ банде нест, ки як номзади риёсатҷумҳуриро, ки муҷрим шинохта шуда, аз роҳандозии як корзори интихоботӣ, ҳатто аз дохили зиндон, манъ кунад.
Корзори интихоботии ӯ рӯзи панҷшанбе бо ишора ба тарҳи иттиҳомот дар ин парванда дар Ню-йорк, хостори ҷамъовари кумакҳои молӣ шуд.
Бархе аз ҷумҳурихоҳон дар Кунгира ба ҳимоят аз Трамп бархостаанд.
Кевин МакКарти, раиси Маҷлиси намояндагони Кунгира, гуфт: “Элвин Брэгг дар талоше барои мудохила дар интихоботи риёсатҷумҳурӣ хисорати ҷуброн нопазире ба кишвари мо ворид кардааст.”
Аммо демократҳо аз тарҳи иттиҳом алайҳи Трамп истиқбол карданд, бо ин истидлол, ки ҳеҷ кас фаротар аз қонун нест.
Адам Шифф намояндаи Кунгира гуфт: “тарҳи иттиҳом ва дастгирии як раисҷумҳури собиқ як ҳодисаи мунҳасир ба фард (уникалӣ) дар тамоми таърих Амрикост. Аммо рафтори ғайриқонуне, ки Доналд Трамп ба анҷоми он муттаҳам шудааст ҳам ҳамин тавр аст.”
Номи Трамп дар чанд парвандаи қазоии дигар низ матраҳ аст.
Яке аз инҳо ба нақши ӯ дар юриш ба Кунгираи Амрико дар соли 2021 муртабит аст ва дигаре талошҳояш аз Кохи сафед барои тағйир додани натиҷаи интихоботи риёсатҷумҳурии 2020 дар Иёлоти Ҷорҷиё.
Ӯ аз соли 2017 то 2021 раисҷумҳур буд ва дар ин муддат ду бор аз тарафи Маҷлиси намояндагон импичмент шуд. Аммо дар ҳар ду маврид ҳам Сено онро рад кард.