Рубрики Хабарҳо

Фон дер Ляйен: оянда равобити Чину ИА ба рӯйкарди Пекин дар ҷанги Русия бо Укроин бастагӣ дорад

Урсула фон дер Ляйен, раиси комиссияи Аврупо, рӯзи панҷшанбе 30 март ба Чин ҳушдор дод, ки рӯйкарди ин кишвар дар қиболи ҳамлаи Русия ба Укроин дар шаклдиҳии равобити Пекин бо Иттиҳодияи Аврупо “омили таъйинкунанда” хоҳад буд. 

Хонум фон дер Ляйен гуфт: “мо бояд дар ин маврид сареҳ бошем. ЧИгунагии муносибати Чин бо ҷанги Путин як омили таъйинкунанда барои равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Чин дар оянда хоҳад буд.” 

Раиси комиссияи Аврупо ҳамчунин бо ишора ба ин ки Пекин аз заъфи Владимир Путин барои ба “ҳаддиаксар расондани нуфузи геополотикӣ бар Маскав” ва “афзоиши аҳроми фишор бар рӯйи Русия” истифода мекунад, гуфт: “возеҳ аст, ки мувозинаи қудрат дар равобити ин ду муттаҳиди дерина, ки дар бештар қарни гузашта ба нафъи Русия буд, акнун баръакс шудааст.” 

Вай бо интиқод аз худдории Чин аз маҳкум кардани “таҳоҷуми ваҳшиёна ва ғайриқонунии Русия ба Укроин”, дар бораи тарҳи сулҳи 12 моддаии Пекин гуфт: “ҳар тарҳи сулҳе, ки дар амал ғасбҳои Русияро таҳким кунад, қобили иҷро нест. Мо бояд дар ин маврид сареҳ бошем.” 

Ин мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо бо баёни ин ки Чин дар пайи матраҳ кардани худ ба унвони “бозигари мусаллат ва маркази назми навини ҷаҳонӣ” аст, гуфт Иттиҳодия бояд ба таомул бо Пекин идома диҳад вале дар дифоъ аз амният ва манофеъи иқтисодии худ, аз ҷумла контролҳои эҳтимолӣ дар саросари Иттиҳодияи Аврупо бар сармоягузории хориҷӣ, қотеъонатар амал кунад. 

Чин бо бозори муштарак ба арзиши 700 миллиард евро, шарики тиҷории аслии Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи коло дар соли 2021 будааст. 

Нозирон мегӯянд изҳороти раиси комиссияи Аврупо амалан умедҳои боқимонда барои иҷроӣ шудани тавофуқномаи сармоягузории Иттиҳодияи Аврупо ва Чин дар соли 2020-ро аз байн бурдааст. 

Раиси комиссияи Аврупо дар суханронии 40-дақиқаинаи худ, ки дар як андешакадаи аврупоӣ баргузор мешуд, бо тавсифи вазъияти кунунӣ равобити миёни Чин ва Иттиҳодияи Аврупо ба “дуртар ва душвортар”, Пекинро ба талош барои барандохтани назми кунунии тиҷорати озод, зӯргӯӣ ба кишварҳои кӯчак, нақзи ҳуқуқи башар, ташдиди фаъолияти низомӣ ва афзоиши корзорҳои нашри иттилооти ғалат дар саросари ҷаҳон муттаҳам кард. 

Вай бо баёни ин ки Ҳизби коммунисти Чин бо контроли мутлақи ҷомеа, ҳуқуқи шаҳрвандонашро нақз кардааст гуфт: “ин иқдомоти ташдидкунанда нишон медиҳад, ки Чин дар дохили кишвар саркӯбгартар ва дар хориҷ аз кишвар қавитар мешавад.” 

Урсула фон дер Ляйен изофа кард маҷмӯаи иқдомоте назири мамнуъияти афзояндаи Тик Ток дар давлатҳои аврупоӣ, мутаваққиф кардани тавофуқи сармоягузорӣ ва ибрози шубҳаҳо дар мавриди маншаъи ҳамагирии Ковид-19, вазъи равобити Чин ва Иттиҳодияи Аврупоро бадтар кардааст; Бо ин ҳол Иттиҳодия наметавонад аз ӯҳдаи қатъи иртиботи комил барояд. 

Ӯ гуфт: “ман мӯътақидам ҷудо шудан аз Чин на амалӣ аст ва на ба нафъи Аврупо. Равобити мо сиёҳ ё сафед нест ва посухи мо ҳам ин наметавонд бошад. Ба ҳамин далел мо бояд рӯйи рискзудоӣ тамаркуз кунем, на ҷудосозӣ”. 

Қарор аст хонум фон дер Ляйен ҳафтаи оянда дар канори Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ба Чин сафар кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *