Рубрики Хабарҳо

Ҷабҳаи озодӣ: ба фармондеҳии амниятии Кобул ҳамла кардем

Ҷабҳаи озодии Афғонистон, яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон, шаби панҷшанбе муддаӣ шуд, ки бар фармондеҳии амниятии Кобул бо норинҷак ҳамла кардааст. Бино ба иддаои ин гурӯҳ, ду муҳофизи толиб кушта ва як нафари дигари онон захмӣ шудаанд. 

Манобеъи мустақил то ҳанӯз сиҳати ин ҳамла ва талафоти ношӣ аз онро таъйид накардаанд. 

Зоҳиран, ин ҳамла соати 18:10 анҷом шудааст. 

Ин ҳамла як рӯз пас аз он иттифоқ меафтад, ки Ҷабҳаи муқовамат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, муддаӣ шуд, ки бар “маркази таълимӣ ва посгоҳи қитъаи хоси Толибон” дар Пули-Чархи ҳамла кардааст. 

Ҷабҳаи муқовамат, рӯзи чаҳоршанбе, бо ин ҳамла аз “оғози амалиётҳои чирикӣ”-и худ хабар дод. Ин эълом бо истиқболи Ҷабҳаи озодӣ низ рӯ ба рӯ шуда ва хостори ҳамкорӣ барои анҷоми ҳамалоти муштарак бар Толибон шудааст. 

Толибон то ҳанӯз вокунише ба эъломи Ҷабҳаи муқовамат барои оғози амалиёти баҳорӣ нишон надодааст. Аммо, қори Фасеҳуддин дар мусоҳиба бо телевизиони миллӣ дар мавриди эҳтимоли шаклгирии муқовамати мусаллаҳонаи низомиён ва раҳбарони пешин дар баробари Толибон гуфт, ки чунин чизе иттифоқ нахоҳад афтод. 

Ӯ раҳбарони сиёсӣ ва низомии афғонро, ки дар табъид ба ба сар мебаранд, “лофзан” хитоб кард ва ба саркӯби низомӣ таҳдидашон кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *