Рубрики Хабарҳо

Нигаронии шадиди ПМТ аз бемории чанд зиндонии сиёсӣ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо изҳори шадиди нигаронӣ аз вазъияти ахири зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар, аз омбудсмени Тоҷикистон ва Салиби Сурх даъват кард бидуни таъхир аз ҳоли онҳо хабардор шуда, кӯмаки фаврии тиббӣ расонанд. Ҳамчунин аз раиси идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров талаб шудааст “қазияро баррасӣ намуда, аз тариқи расонаҳо шарҳи расмӣ пешниҳод намояд”.

ПМТ “масъулияти ҷони онҳоро бар уҳдаи мақомоти аввали кишвар медонад”.

Матни пурраи Изҳороти ПМТ дар бораи вазъияти ахири зиндониёни сиёсӣ ба шакли зер аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон аз вазъияти ахири зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар шадидан нигарон буда, масъулияти ҷони онҳоро бар уҳдаи мақомоти аввали кишвар медонад.

Дар чанд рӯзи охир хабари бемории Маҳмурод Одинаев, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд расонаӣ гардид, ки баёнгари шароити бад ва бетаваҷҷуҳии мақомоти кишвар ба зиндониён мебошад.

Хабари шудани Маҳмурод Одинаев ба хотири бемории ҳепотит( зардпарвин) моро бештар нигарон мекунад, ки ин беморӣ дар шароити бади зиндонҳои кишвар ва бо шурӯъи фасли гармо ҳамагир шавад. 

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ба хотири и саломатиаш аз зиндон ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол дода шудааст ва Ҷалолиддини Маҳмуд ҳам ба хотирии вазъияти саломатиаш дар беморхонаи зиндон бистарӣ мебошад. Пештар хабарнигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ аз вазъияти бади зиндон ва шиддат гирифтани бемориаш карда буд. Чанде қабл хабари бемории дигар хабарнигорони зиндонӣ низ расонаӣ шуда буд.
Хабарҳои дигаре, низ вуҷуд дорад, ки вазъи саломатии аксарияти зиндониёни сиёсӣ бисёр бад ва шароиташон нигаронкунанда аст.

Аз кор мондани яке аз поҳо ва дарди шадиди пешобдону фишори хун ва бемории диабет ҳадди ақал дар 3 зиндонии дар боло зикршуда муштарак аст, ки ин нигаронии моро бештар кардааст.

Бинобарин Паймони Миллии Тоҷикистон талаб мекунад, ки:
Омбудсмен аз зиндонҳои кишвар дидан намуда аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ наздикон ва ҷомеаи кишвар ва хабарнигоронро огоҳ намояд.

Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, Созмони Афви Байналмилалӣ ва Созмони Пизишкони Бидуни Марз аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои тиббии фаврӣ расонанд.
Раиси идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров қазияро баррасӣ намуда аз тариқи расонаҳо шарҳи расмӣ пешниҳод намояд.
Зиндониёни бемори аз сини 60 боло ҳарчӣ зудтар озод карда шаванд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

03.04.2023

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *