Имрӯз, 4 апрел дар доираи сафари давлатии раисумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форуми мазкур дар Китобхонаи миллӣ доир шуда, дар он нахуст имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон муаррифӣ мегарданд.
Дар Форум баррасии масъалаҳо оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ дар назар дошта шуда, инчунин имконияти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ мегардад.
Дар доираи баргузории Форуми мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат- Тоҷикистону Озарбойҷон пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар он баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар дошта шудааст.
Сафари давлатии раисҷумҳуумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2023 дар нақша аст.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни раисҷумҳурҳои ду кишвар пешбинӣ гардида, қарор аст доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, тибқи барнома, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.