Categories Хабарҳо

Сел ба ду деҳа дар Панҷ зарар расонд

Дар пайи омадани сел дар ноҳияи Панҷ зироатгоҳ ва таҳхонаҳои сокинони ду деҳа аз ин ноҳия зери об мондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки сокинони деҳоти Селга ва Пахтакори ҷамоати Сайфуддин Кабудии ин ноҳия аз сели ахир дар он ҷо зарар дидаанд.

Ҳарчанд кумитаи мазкур омори дақиқеро дар мавриди густараи зарари сокинон дар ин ноҳия ироа накардааст, аммо гуфтааст, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода дар раъси як гурӯҳи корӣ барои бартараф кардани оқибатҳои сел ба ноҳияи Панҷ сафар кардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, барои кумак ба осебдидагон аз ин сел ва корҳои барқарорсозӣ васоили зарурӣ фароҳам шудаанд. Дар ин зимн кумиссиюни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 15 хонаводаро, ки дар маърази хатари селфароӣ қарор доштанд, ба ҷойи амн кӯчондааст.

Қарор аст, ин кумиссиюн хосироти ворида ба сокинони ин ду деҳаи ноҳияи Панҷ аз ин селро муҳосаба кунад.

Як рӯз қабл аз ин Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бонги хабар зада буд, ки аз 3-юм то ҳафтуми апрел дар вилоёти Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ эҳтимол сел ояд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *