Шурӯъи размоиши муштараки Тоҷикистону Русия
Дирӯз размоиши нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон шуруъ шуд.
Ин размоиш, ки қарор аст, то 7 апрели имсол баргузор шавад, дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст.
Дафтари матбуотии Ҳавзаи низомии марказии Русия эълом кард, дар ин тамрини низомӣ аслан нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Ба гузориши манбаъ, теъдоди низомиёни рус дар ин тамрин беш аз 300 нафар аст, ки ягонҳои кӯҳистонӣ, савораи тирандоз, танкӣ, тӯпхонаӣ, нерӯҳои хоси ҳимоят аз таҳоҷуми кимиёӣ, ташаъшуӣ ё радиатсионӣ ва гурӯҳҳои басиҷи нерӯҳои муборизаи радиоэлектронии Ҳавзаи низомии марказии Русияро шомил мешавад.
Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ҳич эълонеро дар ин замина расонаӣ накардаанд.
Аммо бояд гуфт, пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон ва ба дасти“Толибон” гузаштани ҳукумат нигаронии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва ҳамчунин Русия дар хусуси афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистон бештар шудааст.