Рубрики Хабарҳо

УАЛ иҷозаи парвоз аз 6 шаҳри Русия ба 3 шаҳри Тоҷикистонро дарёфт кард

«Уральские авиалинии» ширкати ҳавопаймоии русӣ иҷозаи парвозҳои чартерӣ аз Русия ба се шаҳри Тоҷикистонро аз ҳукумати Тоҷикистон дарёфт кардааст. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Парвозҳо аз 6 шаҳри Русия ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб сурат мегиранд.

Дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон шумори парвоз ва рӯзи иҷрои онҳо дар давоми ҳафта тариқи зайл муқаррар карда шудаанд:

Душанбе – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;

Душанбе – Қазон, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Душанбе – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Душанбе – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;

Душанбе – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;

Душанбе – Уфа, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;

Хуҷанд – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи ҷумъа;

Кӯлоб – Москва, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи шанбе.

“Хатсайрҳои мазкур барои баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки барои вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати ФР аз 16 марти соли ҷорӣ (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст”, — қайд мекунад сафорат.

Шарти асосии иҷозаи парвоз барои шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, доштани маълумотномаи муассисаи тиббӣ (бо забони русӣ) дар бораи гирифтор набудан ба сирояти коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои тест мебошад, ки на дертар аз се рӯз то замони вуруд ба Русия дода шудааст.

Билетҳо ба хатсайрҳои мазкур аз ҷониби намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати дигари ҳавопаймоии Русия — “ЮТэйр” ҳанӯз аввали моҳи октябр барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ҷиҳати аз Тоҷикистон ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия иҷозатнома гирифт. Ин ширкати тибқи ҷадвали тасдиқшуда аллакай якчанд парвоз ба иҷро расонида, парвози охирин аз Душанбе ба Маскав рӯзи 28 ноябр таъин шудааст.

Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *