Рубрики Хабарҳо

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои захираи дусолаи хӯроки чорво

Раисҷусҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ноҳияи Темурмалик ба хоҷагидорони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дастур дод барои чорво захираи хӯроки дусола дошта бошанд.

Дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сафари кори анҷом дод, — иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус  дар семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуд.

Дар оғози боздид раисҷумҳур аз намоишгоҳи чорво дидан кард. Дар намоишгоҳ 70 сар чорвои калони шохдор, 400 сар чорвои майда ва қариб 50 сар асп ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар доираи тадбири мазкур, ки мақсад аз он намоиши иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои чорводорон буд, хоҷагидорони як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара, Восеъ, Панҷ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Темурмалик чорвои хушзоти худро, ки аксаран зотҳои элита буда, ба иқлими минтақа мувофиқ карда шудааст, ба намоиш гузошта буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур дод, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир созанд.

Қабл аз оғози моҳи рамазон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори панҷум ба мардуми кишвар тавсия дода буд барои ду сол захираи хӯрокворӣ дошта бошанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *