11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба навори Ғазза

Ҷангандаҳои Исроил ба ду минтақа дар ғарби муҳосирашудаи Ғазза ҳамла карданд.

Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд ки ҷангандаҳои Исроил ду мавзеъи вобаста ба гуруҳҳои фаластиниро дар ғарби навори муҳосирашудаи Ғазза ҳадафи ҳамалоти ҳамла қарор доданд.

Хадамоти матбуотии нерӯҳои дифоъии Исроил аз шилики панҷ мушак ба самти шаҳри Сдерот хабар доданд.

Дар ин паём омадааст: чаҳор мушак тавассути падофанди ҳавоӣ роҳгирӣ шуд, яке дар минтақаи боз сукут кард.

Ин ҳамалот дар посух ба партоби мушак аз ин минтақа ба самти Исроил пайи шӯриши яҳудиёни шаҳракнишини ифротӣ ба  Масҷид-ул-Ақсо анҷом шудааст.

Бо фаро расидани ҷашни мазҳабии “Пасх” гуруҳҳои ифротии яҳудӣ аз ҳафтаи гузашта ба таштиди шуриш дар Масҷид-ул Ақсо фаро хонда шуданд. Бо ин ҳол даҳҳо мусалмонон пас аз намози аср худро дар намозхонаи Масҷид-ул Ақсо муҳосира карда ва аз хуруҷ худдорӣ кардаанд.

Дар ҷараёни юриши яҳудиён ба Масҷид-ул Ақсо ҳаноми саҳар, нерӯҳои исроилӣ бо роҳандозии хушунат алайҳи фаластиниҳо ки дар Масҷид-ул-Ақсо пинҳон гардида буданд, ибодатгоҳро ба майдони ҷанг табдил карданд. Нерӯҳои исроилӣ беш аз 200 фаластиниро дар ҷараёни ин даргирӣ боздошт карданд.

Ҳеҷ баёнияе аз сӯйи Исроил ё Фаластин дар бораи талафоти эҳтимолии ин ҳамалот мунташир нашудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *