Рубрики Хабарҳо

Кохи Сафед: ҳукумати Трамп муқасири аслии хурӯҷи пурҳараҷумараҷи Амрико аз Афғонистон буд

Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе фишурдаи гузориши баррасии хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро мунташир кард ва тақсири вазъияти ошуфтаи хурӯҷи Амрикоро ба гардани Доналд Трамп андохт. 

Дар ин гузориши 12-сафиҳагӣ гуфта шуда, ки гузинаҳои Ҷо Байден дар мавриди тарзи хурӯҷ ба воситаи тасмимҳои ҳукумати Трамп “шадидан маҳдуд” шуда буд. 

Кохи Сафед гуфт, ки гузориши аслиро ба таври хусусӣ рӯзи панҷшанбе дар ихтиёри Кунгура қарор дода ва ба иллати маҳрамона будан барои умум интишор нахоҳад ёфт. 

Дар гузориши фишурда омадааст: “гузинаҳои раисҷумҳур Байден дар иртибот ба наҳваи берун кардани нерӯҳо аз Афғонистон ба воситаи шароите, ки ҳукумат пеш аз ӯ ба вуҷуд оварда буд, хеле маҳдуд буд.” 

Ба нақл аз гузориш, вақте Байден вориди Кохи Сафед шуд, “Толибон аз назари низомӣ қавӣ шуда буданд ва наздик ба ниме аз кишварро таҳти контрол ва таҳдиди худ доштанд.” 

Дар ин гузориш иштибоҳот дар хурӯҷи нерӯҳо бо арзёбии хушбинонаи ниҳодҳои истихборотии Амрико аз ирода ва тавони артиши Афғонистон барои ҷанг дар баробари Толибон иртибот дода шудааст. 

Бино ба як гузориши маҳрамона, ниҳодҳои истихборотии Амрико тасаввур намекарданд, ки ҳукумати Афғонистон дар камтар аз яксол суқут кунад. Ҷо Байден низ дар 8 июли 2021 суқути сареъи ҳукумати Ашраф Ғаниро рад карда буд ва ваъда дод, ки бар хилофи Ветнам, хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон муназзам бошад. 

Кохи Сафед мегӯяд, ки суръати берун шудани сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон мутобиқи пешниҳодоти генралҳои артиши Амрико танзим шуда буд. 

Дар воқеият ин гузоришро метавон посухе ба ҳамалоти сиёсии пайиҳами ҷумҳурихоҳон ба ҳукумати Байден ба хотири шеваи хориҷ кардани нерӯҳо донист. 

Намояндагони ҷумҳурихоҳ дар Кунгура шадидан аз хурӯҷи ошуфтаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон интиқод карда ва ваъдаи таҳқиқоти комил дар мавриди онро додаанд. 

Онҳо далели кушта шудани 13 нерӯи амрикоӣ дар баробари майдони ҳавоии Кобул дар моҳи августро, ки дар асари ҳамлаи интиҳорӣ ҷон бохтанд, мудирияти заифи хурӯҷи қувва донистаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *