Ширкатҳои энерҷии Ҷопон ба думболи фишорҳои Амрико воридоти нафт аз Эронро аз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ мутаваққиф хоҳанд кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Найки”-и Ҷопон, ширкатҳои энерҷии Ҷопон ба думболи афзоиши фишорҳои Амрико то оғози моҳи октябр воридоти нафт аз Эронро ба сифр мерасонанд.
Бар ин асос, эҳтимолан Ҷопон барои таъмини нафти мавриди ниёзи худ Арабистони Саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабиро ба унвони кишварҳои ҷойгузини Эрон қарор хоҳад дод.
Пештар Амрико ба ширкатҳои ҷопонии JXTD ва Айдмитсу кузон ҳушдор дода буд, ки то оғози таҳримҳои Вашингтон алайҳи Эрон дар 4 ноябр, ба хариди нафт аз ин кишвар поён диҳанд.
Дар пайи ин иқдоми Амрико, ду бонки бузурги Ҷопон “Mitsubishi UFJ» ва “Mizuhu” ҳафтаи гузашта эълом карданд, ки аз таърихи 12 август ба баъд фаъолиятҳои бонкии тамоми ниҳодҳое, ки бо Эрон тиҷорати нафтӣ доранд, мутаваққиф хоҳад шуд.
Бар асоси омори вазоратҳои иқтисод, тиҷорат ва саноеъи Ҷопон, ин кишвар дар моҳи майи имсол рӯзона 211 ҳазор бушка нафти хом аз Эрон ворид кардааст.
Гуфтанӣ аст Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар моҳи майи имсол эълом кард, ки кишвараш аз БАРҶОМ хориҷ ва таҳримҳои алайҳи Эрон, ки аз соли 2015 дар ҳоли таълиқ буд, муҷаддадан эъмол хоҳад шуд. Амрико ҳамчунин эълом кард, ки харидорони нафти Эрон фурсат доранд то чаҳоруми ноябр ба қарордодҳои худ бо ин кишвар хотима диҳанд.