Рубрики Хабарҳо

Вазорати кори Тоҷикистон дар Русия телефонҳои боварӣ фаъол кард

Намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия телефонҳои боварӣ тартиб додаанд, ки гуфта мешавад «барои машварат ва роҳнамоӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия» роҳандозӣ шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши ин хабар эълон карда, ки «ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Русия ва ғайра посух медиҳанд”.

Гуфта мешавад, телефони боварӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият менамояд.

Роҳандозии телефони боварӣ аз ҷониби Намояндагии Вазорати кор ва эълони он аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар ҳолест, ки муҳоҷирон аз наҳваи кори телефонҳои боварии худи сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Русия шикоятҳои зиёд доранд. Онҳо мегӯянд ба зангҳои телефонӣ касе ҷавоб намедиҳад ва бисёр кам иттифоқ меафтад, ки корафтодаи оддӣ тавонад бо сафорати Тоҷикистон тамос барқарор кунад.

Сафорат дар иттилоъияаш хабар дода, ки шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои зер муроҷиат намоянд:

1.  Ҳавзаи федералии марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *