Рубрики Хабарҳо

ИМА ҳафт мақоми белорусиро таҳрим кард

Як дипломати америкоӣ аз таҳрими ҳафт мақоми Белорус аз ҷониби Вашингтон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, як мақоми аршади вазорати хориҷаи Амрико, ки хост номаш фош нашавад гуфт: Вашингтон дар ҳоли баррасии таҳрими ҳафт  мақом Беларусӣ аст, ки дар тақаллуб дар натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус ва хушунат  алайҳи эътирозоти сулҳомез нақш доштаанд .

Ин дипломати амрикоӣ ҳамчунин гуфтааст дар сурате, ки маълум шавад Русия низ дар интихоботи Беларус мудохила карда, Вашингтон таҳримҳоеро низ алайҳи Маскав дар назар хоҳад гирифт .  

Вазирони умури хориҷаи иттиҳодияи аврупоӣ ахиран дар иқдоми  мудохилаҷӯёна дар умури Беларус , мувофиқати худро бо таҳрими 20 мақоми аршади Беларус ба иттиҳоми тақаллуб дар интихоботу саркуби мухолифон эълом карданд .

 Александр Лукошенко Раиси Ҷумҳурии Беларус  кишварҳои аврупоӣ ва Амрикоро омили пушти пардаи нооромиҳои пас аз интихоботи кишвараш медонад

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *