Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 1 то 15 сентябри соли 2020 ҳудуди 52 парвози иловагии чартериро аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон анҷом хоҳад дод.
Вазорат гуфт, шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ маълумотнома дар бораи сиҳатӣ аз COVID-19 дошта бошанд, ки на дертар аз 96 соат пеш аз омадан ба Тоҷикистон дода шудааст. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ озоданд.
Зикр шуд, феҳрасти шаҳрвандоне, ки метавонанд тариқи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон баргарданд аз ҷониби комиссияи махсуси назди сафорат ва консулгариҳо тартиб дода мешавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ба қишрҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, солхӯрдагон ва шаҳрвандоне, ки ба Русия ба сафари хидматӣ рафтаанд, авлавият дода мешавад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зикр намудааст, ки ҷониби Русияро расман аз омодагӣ барои оғози парвозҳои мунтазам огоҳ кард. Ҷониби Русия посух додааст, ки санаи оғози парвозҳои мунтазам дар пайи машварати мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар дақиқ хоҳад шуд.