Абдуқодири Рустам
«Мурдаазизи зиндахор» аз зарбулмасалҳои машҳури тоҷикист. Ва чунонки медонем, дар мақолу зарбулмасалҳо таҷрибаҳои чандинасраи мардум мунъакис ва муҷассам мешаванд….. Ва ин нуктаро ба шаклу шеваҳои гуногун ҳамарӯза такрор мекунем, ки мардуми мо одамиро дар вақти зиндагиаш қадр намекунанд, ба қадраш намерасанд, вале чун мурд, дареғу афсусашон, оҳу воҳашон ба фалак мепечад, ба хотирагӯию хотиранависӣ шуруъ мекунанд…
Борҳо мушоҳида кардаам, ки марде чандин сол бемор дар хонааш мехобад, ба аёдаташ намераванд, ҷӯёи ҳолаш намешаванд, вале чун мурд миёнро мебанданду дар назди дарвозааш саф мекашанд, гардани наздиконашро гирифта нола мекунанд, айб аст, гуфта, се бегоҳ меоянд фотиҳа мехонанд, се саҳар ба сари гӯраш ҳам мераванд. Яъне, мардум ҳарчи бештар дурӯя мешаванд, самимияту меҳрубонӣ аз қалбҳояшон рахт баста, ва бештар корашон на ба тақозои дил, ки бар тибқи одат шудааст…
Аммо, ин ки гуфтам дар рустоҳост, ки ҳама ҳамдигарро мешиносанд, хешу таборанд, ҳамсояанд, як ҷо бузург шудаанд, дар як мактаб дарс хондаанд… Ва аммо дар шаҳр, бахусус дар Душанбе, ки сокинонаш одоби рустоии худро аз даст дода, аммо ҳанӯз ба фарҳанги шаҳрнишинӣ нарасидаанд, вазъ боз ҳам бадтар ва балки мудҳиштар аст…
Ин амрро бемории лаънатии куруно, марг бар асари он бештар ба намоиш гузошт… Ҷанозаҳоро бо шитоб, бо намози ҷанозае, ки гоҳе 10-15 нафар ширкаткунанда бештар надошт, гӯрониданд ва мегӯронанд… Баҳона ин ки марҳум куруно дошт ва курунои лаънатӣ бемории гузаранда аст…
Аммо, инсофан, ин ки мурдаи куруноӣ хеле камтар аз зиндааш хатар дорад, хатараш танҳо барои мурдашӯ аст ва онҳое ки ба намози ҷаноза меоянд, агар фосиларо риоят бикунанд, ҳеч хатаре барояшон вуҷуд надорад…
Акнун тоҷикро на фақат зиндааш, ки мурдааш ҳам хор аст. Дар ҳеч замоне мурдаи тоҷик чунин хору беқадр набуд, ки ҳоло…
Шумо мушоҳида кардаед, ки дар ин чанд соли охир бузургони тоҷикро чӣ тавр мегӯронанд? Муъмин Қаноат ва Бозор Собир ду рукни устувори Кохи шеъри тоҷикро бо шитобу аҷала гӯрониданд. (Дар мавриди устод Гулназар, ки бар асари куруно фавтид, ҳоҷати сухан ҳам нест, баҳона муҳайё буд). Ҷанозаашонро ба мошини боркаш гузоштанд ва бо шитоб бурданд. На рӯзи мотаме эълон шуд ва на радио ҳадди ақалл як соат мусиқии ғамангез пахш кард.(Дар рӯзи кушта шудани Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов радио чанд ҷуз мусиқии мотам хабаре пахш намекард)…
Устод Лоиқ замоне фармуда буд:
Барои зиндагон бояд бигӯям,
Ки гӯристон барои мурдагон нест,
Ки гӯристон барои зиндагон аст,
Ки то донанд фардо қадрашон чист?
Агар мо ба қадри мурдаи бузургонамон мерасем, барои худ, барои обрӯи худ мекунем. Барои он бояд бикунем, ки бузургони зиндаамон бидонанд, мурдаашон хор нахоҳад шуд.
Насли бузургсоли аз 50-сола боло ёд дорад, ки бузургони моро дар замони шӯравӣ бо чӣ маросими бузургдоште мегӯрониданд. Ҳукумат комиссиони давлатӣ ташкил мекард, ки раиси Девони вазирон дар раъси он қарор дошт. Ҷанозаи марҳумро барои видоъи умумихалқӣ дар бинои фарҳангии бузурге мегузоштанд ва анбуҳи мардум барои видоъ меомад. Ҳофизон сурудҳои мотамӣ месурданд.
Мурдаи бузургони мо дар замони шӯравӣ (масалан рӯзи дафни Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода) ба рӯзи ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардум табдил меёфт. Ҳоло марги бархе аз бузургонамонро тасодуфан баъди сипарӣ шудани замоне мешунавем. Худи ман марги нависанда Юсуфҷон Акобиров ва режиссер Хушназар Майбалиевро пас аз моҳе шунидам.
Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон тақрибан ҳамаи барномаҳояш тақлиди беҳунарона аз телевизионҳои Русия аст. Аммо ҳеч нашуд, ки як барномаи муҳимми телевизиони Русияро ҳатто беҳунарона ҳам бошад, тақлид бикунанд: барномаи ёдкард ва бузургдошти рафтагони бузурги миллатро. Телевизионҳои Русия дар худи ҳамон рӯз, ё ҳадди ақалл як рӯз баъд аз он ки режиссер, ҳунарпеша, нависанда ё шоири машҳури рус мефавтад, ба таври оҷилона барномаро тағйир медиҳанд, хешону дӯстони шодравонро гирди ҳам меоваранд, пораҳое аз сабтҳои пешин бо ширкати ӯро намоиш медиҳанд, васфаш мекунанд, хотира мегӯянд ва ёдаш мекунанд.
Чанд аз ин гуфтанҳо, барои кӣ мегӯӣ? Хулосаи ҳарфам ин ки мо қаблан қавми «мурдаазизи зиндахор» будем, ҳоло ба қавми «зиндахори мурдахортар» бадал шудаем..
Ояндаи мо ба куҷост?