Бонки Ҷаҳонии пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисодӣ Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз 8 дарсади соли гузашта ба панҷ дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Коҳиши интиқол пул ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз далоили аслии заиф шудани рушди иқтисодии кишвар гуфта мешавад, ки ин амр сабаби коҳиши масрафи хусусӣ низ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, дар соли 2022 иқтисоди Тоҷикистон рушди ҳаштдарсадӣ дошт, ки ин аз ҳисоби интиқоли қобили мулоҳизаи пул аз Русия буд ва мизони ин пулҳои ирсолии коргарони муҳоҷир аз се як ҳиссаи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил мекард.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи муаллифони ин гузориш, ки таҳти унвони “Рушди заиф, таварруми боло ва буҳрони арзиши зиндагӣ” нашр шудааст, дурнамои рушди Тоҷикистон ба хатарҳои ҷиддие рӯбарӯст.
Ба назари муаллифони гузориш, коргарони муҳоҷире, ки мақоми душаҳрвандӣ доранд, ба мисли пештара ба хатари басиҷшавӣ дар Русия рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ин шояд мунҷар ба бозгашти муҳоҷирон ва талаботи зиёди кумаки иҷтимоӣ шавад.
Муаллифони гузориш мегӯянд, тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон бар пояи истихроҷи захоири зеризаминӣ ва пули ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия устувор аст. Ба иддаои муаллифон, ин модели рушд дорои осебпазириҳои зиёд ва он ҳам бар мабнои вобастагии зиёд ба даромади муҳоҷирони корӣ дар як кишвар асту пояи тавлидии маҳдуди ватанӣ дорад ва дорои содироти гуногунанвоъ нест.
Бар пояи як назарпурсии Бонки милли Тоҷикистон дар чанд соли пеш, гуфта мешуд 70 дарсади хонаводаҳои тоҷикистонӣ аз ҳисоби муҳоҷират таъмин мешаванд, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора талош менамояд, нақши коргарони муҳоҷир дар таъмини ҷомеаи кишварро барҷаста нанамояд. Ба ҳамин манзур ҳамасола мизони пулҳои фиристодаи муҳоҷиронро эълон намекунад.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси тоҷик Абдуманнон Шералиев назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд «Бонки ҷаҳонӣ мисли ҳама ниҳодҳои расмӣ омори худро аз додаҳои расмии мақомоти Тоҷикистон мегирад ва табиист, ки ин оморҳое, ки мақомоти кишвар медиҳанд, на танҳо дақиқ нестанд, балки ҳатто ба дақиқият наздикӣ надоранд. Барои мисол, ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистонро низ Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ аз оморҳое мегиранд, ки бонкҳо ироа мекунанд ва ба ин назаранд, ки пули муҳоҷирон каме бештар аз сеяки ММД-ро шакл медиҳад. Аммо дар асл қисми асосии маблағи муҳоҷирон ва содиркунандагони хусусӣ тавассути роҳҳои дигар интиқол меёбанд, ки ҳади ақал ду баробар бештар аз додаҳои расмӣ аст».
Дар ҳамин ҳол, коршиноси тоҷик таъкид мекунад, «албатта ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон ҳам, ки аз додаҳои расмӣ гирифта мешавад, бамаротиб бузургтар аз 11,5 миллиардест, ки имрӯз садо медиҳад. Дар асл 70 дарсади иқтисоди Тоҷикистон соягӣ аст ва дар ҳеҷ оморе инъикос намешавад. Бинобар ин пешбинии дақиқи боло ё поинравии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон осон нест ва дар аксари ҳолат аз ончи ниҳодҳои байналмилал пешбинӣ мекунанд, фарқ мекунад. Барои мисол, агар Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро аз 8 то 5 дарсад пешбинӣ кардааст, Бонки авруосиёии рушд мегӯяд рушд то 6,5 дарсад коҳиш хоҳад ёфт».
Ӯ ба пешбиниҳои қаблии ниҳодҳои байналмиллаӣ ишора мекунад ва мегӯяд «бо шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин коршиносон тазъифи иқтисоди Русия, беқурбшавии рубл ва дар пайи он камшавии интиқоли маблағи муҳоҷирони зарбаҳои шадид ба иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ карда буданд. Аммо ин пешбиниҳо амалӣ нашуданд. Рубл мавқеъашро ҳифз кард ва интиқоли маблағи муҳоҷирон ҳам бинобар афзоиши талабот ба қувваи корӣ дар Русия, бештар шуд».
Шералиев мегӯяд, «ончи коршиносон барои соли гузашта пешбинӣ карда буданд, тоза дорад, шурӯъ мешавад. Яъне рубл рӯ ба суқут овардааст ва ҷойҳои корӣ дар Русия камтар мешаванд. Бинобар ин бо гумони ғолиб рушди иқтисоди Тоҷикистон ва даромади хонаводаҳо камтар хоҳад шуд, аммо то кадом сатҳ, боз ҳам ба ҷанг ва мавқеъгириҳои сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бастагӣ дорад, ки камтарин тағйирот метавонад хеле чизҳо дар иқтисод, аз ҷумла кор дар Русияву қурби рубл ва интиқоли пули муҳоҷиронро ҳам, ҳади ақал барои муддате, ҳамон гуна ки имсол иттифоқ афтод, тағйир диҳад».