Рубрики Хабарҳо

Ифшои иттилооти маҳрамонаи Пентагон; Амрико аз муттаҳидон ва душманонаш “ҷосусӣ” мекунад

Бархе аз асноди маҳрамонаи вазорати дифоъи Иёлоти муттаҳида тайи чанд ҳафтаи гузашта ифшо ва ба сурати онлайн мунташир шудааст. Ин аснод, ки даричае ба рӯйи тарзи ҷосусии Иёлоти муттаҳида аз муттаҳидон ва душманонаш мекушояд, мақомоти ин абарқудратро амиқан нигарони эҷоди хатар барои манобеъи ҳассос ва халалворидшавӣ дар равобити хориҷии Амрико кардааст. 

Мадорики ифшошудаи Пентагон дарбаргирандаи ҷузъиёте аз системи дифоъи ҳавоии Укроин гирифта то Созмони иттилоот ва амалиёти вижаи Исроил (МОСАД) аст. Мақомоти амрикоӣ дар ҳоли такопӯ барои кашфи маншаи нашри ин иттилоот ҳастанд ва бархе коршиносон мӯътақиданд ба далели густурдагии иттилооти ифшошуда эҳтимоли нашри ин аснод аз сӯи як мақоми амрикоӣ болотар аз эҳтимоли ифшои онҳо аз сӯи яке аз муттаҳидони Иёлоти муттаҳидааст. 

Мишел Малруни, яке аз муқақоти аршади собиқи Пентагон мегӯяд: “дар ҳоли ҳозир тамаркузи мо бар ёфтани манбаъи нуфузи амрикоӣ аст. Зеро бисёре аз аснод танҳо дар ихтиёри Иёлоти муттаҳида будааст.” 

Бинобар изҳороти мақомоти Иёлоти муттаҳида, бархе аз ин асноди “ба назар мӯътабар” ифшокунандаи мизони густурдагии гӯшкунии ҷосусони амрикоӣ аз муттаҳидони калидии худ аз ҷумлаи Кореяи ҷанубӣ, Исроил ва Укроин аст. 

Бархе дигар низ аз мизони нуфузи Иёлоти муттаҳида дар вазорати дифоъи Русия ва гурӯҳи низомии Вагнер парда бармедорад. Ин нуфузҳо, ки умдатан аз тариқи иртибототи раҳгиришуда ва ё манобеъи инсонӣ ба даст омадаанд ва акнун бо ифшои онҳо метавонанд қатъ ва ё дар маърази хатар қарор гиранд. 

Бархе дигар аз ин аснод ошкоркунанда нуқоти заъфи калидии нерӯҳои укроинӣ дар мавридҳое чун таслиҳот, падофанди ҳавоӣ ва теъдоду омодагии низомии нафарҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси даргириҳо аст. Ин дар ҳолест, ки артиши Укроин саргарми омадасозӣ барои анҷоми зиддиҳамлаҳое алайҳи Русия аст. 

Як манбаъи наздик ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин мегӯяд, ки дар пайи ифшои асноди маҳрамонаи Пентагон, Киев дар ҳоли ҳозир бисёре аз барномарезиҳо ва нақшаҳои низомияшро тағйир додааст. 

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки таҳқиқот барои ёфтани манбаъи ифшои ин иттилоот ҳанӯз дар марҳилаи аввал аст. Онҳо эҳтимоли даст доштани Русия дар ин ифшогариро рад намекунанд. 

Ин интишори асноди иттилоотии Пентагон бузургтарин ифшои иттилоотии вазорати дифоъи Амрико аз соли 2013 аст. Дар он сол 700 ҳазор санад, видео ва паёмҳои маҳрамонаи дипломатики Амрико ифшо ва дар сайти Викиликс мунташир шуд. 

Ду мақоми амрикоӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Рейтерз эҳтимоли инро ки ин аснод барои гумроҳ кардани бозрасон дар мавриди маншаҳои онҳо ё интишори иттилооти нодуруст дар ҷиҳати осеб расондан ба манофеъи амниятии Амрико мунташир шуда бошанд, рад накарданд. 

Пентагон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ки дар ҳоли баррасии эътибори асноди аксбардорӣ шудааст, ки “ба назар мерасад дарбаргирандаи матолиби ҳассос ва бисёр табақабандӣ шуда ҳастанд.” 

Додситонии Иёлоти муттаҳида низ таҳқиқоти ҷиноиро ҳавли ин парванда оғоз кардааст. 

Яке аз ин аснод, ки марбут ба 23 феврал аст ва бо унвони маҳрамона дастабандӣ шудааст, ҷузъиёте дар робита бо азкорафтодани системи дифоъии АС 300-и Укроин бо мизони истифодаи кунунӣ пеш аз рӯзи дувуми моҳи май ироа мекунад. Чунин иттилооти ҳифозатшудае метавонад мавриди истифодаи нерӯҳои рус қарор гирад. 

Укроин эълом кард, ки раисҷумҳури ин кишвар барои пешгирӣ аз ифшои муҷаддади чунин иттилооте рӯзи ҷумъа бо мақомоти аршади амниятии ин кишвар мулоқот кардааст. 

Таҳти назар гирифтани муттаҳидон 

Санади дигаре, ки ба сурати “фавқи маҳрамона” дастабандӣ шуда ва аз Созмони иттилоот ва амнияти Амрико ба даст омадааст нишон медиҳад, ки Созмони иттилоотии МОСАД аз эътирозоти ахири мардуми Исроил алайҳи барномаҳои Бинямин Нитонёҳу, нахуствазири ин кишвар мабнӣ бар ташдиди контрол бар додгоҳи олӣ, ҳимоят кардааст. 

Дар ин санад, ки нишондиҳандаи ҷосусии Амрико аз яке аз муттаҳидони аслияш дар Ховари Миёна аст омада, ки Иёлоти муттаҳида ин мавзӯъро аз тариқи сигналҳои иттилоотии худ дарёфтааст. 

Дафтари нахуствазири Исроил дар баёнияе дар рӯзи якшанбе ин мавзӯъро “дӯруғ ва бепояву асос” тавсиф кард. 

Санади дигаре ҷузъиёти гуфтугӯҳои дохилӣ миёни мақомоти аршади Кореяи ҷанубиро дар мавриди фишорҳои Иёлоти муттаҳида бар Сеул дар ҷиҳати кумак ба таъмини таслиҳот барои Укроин ба рағми сиёсати Кореяи ҷанубӣ мабнӣ бар адами анҷоми ин кор ба намоиш мегузорад. 

Дафтари Юн Сок Ёл, раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки баррасии эътибори аснод дар авлавият аст ва аз Амрико дархост кард то дар сурати таъйиди ҷузъиёт, иқдомоти “муносиб”-ро анҷом диҳад. 

Ҷосусӣ аз душманон 

Бисёре аз иттилоот дар мавриди Русия аз тариқи иртиботот раҳгиришуда ҷамъоварӣ шудааст. Ин мавзӯъ нигарониҳоеро мабнӣ бар эҳтимоли тағйири равишҳои иртиботии русҳо бо ҳадафи пинҳон кардани беҳтари барномарезиҳо ва нақшаҳои ҷангияшон эҷод мекунад. 

Нақшаҳои таҳаррукот ва қобилиятҳои нерӯҳои Русия, ки дар ин аснод ғунҷонда шуда, то ҳадде аз манобеъи инсонии маҳрамона таҳия шудааст. Дар натиҷа акнун бо ифшои иттилоот, ин манобеъи инсонӣ низ мумкин аст дар хатари ҷонӣ қарор гиранд. 

Ин аснод нишон медиҳад, ки Иёлоти муттаҳида тавонистааст ҳадафҳои нерӯҳои рус мисли нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ, постҳои барқ, роҳи оҳан ва пулҳои мошинравро раҳгирӣ кунад. 

Иёлоти муттаҳида ҳамчунин муваффақ ба раҳгирии стратегияи Русия барои мубориза бо танкҳои НАТО шудааст. Ин танкҳо қарор буд дар моҳи апрел вориди Укроин шаванд. Дар гузориши иттилоотии Амрико омадааст, ки ин тарҳи баёнкунандаи эҷоди се минтақаи оташ бар асоси бурди баланд, миёна ва кӯтоҳ буда ва ҳар минтақа таҳти пӯшиши навъҳои таслиҳот ва воҳидҳои хос қарор доштааст.

Евронюс

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *